Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САФОРАТИ ИМА АФСАРОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ТОҶИКИСТОНРО МЕОМӮЗОНАД

175

Роҳбари бахши минтақавии хадамоти амниятии сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҷаноби Бери Улрич кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қазоқистонро, ки бо ҳамроҳии ваколатдори махсус - ҷаноби Адриан Йорк барои иштирок дар омӯзиш дар мавзӯи «Террористони зархариди хориҷӣ: муаяннамоӣ ва тафтишот» ба шаҳри Душанбе омада буданд, бо хатми омӯзиши мазкур табрик намуд. Дар нутқи худ ҷаноби Улрич қайд намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои бузурги худро бо Ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, умедвори ҳамкории давомдор ва дастовардҳои умумӣ аст.
Дар рафти омӯзиш афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ ва равобити муштаракро байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тарафайн густариш дода, аз таҷрибаи якдигар оид ба муаяннамоӣ, тафтишот ва пайгирии террористони зархариди хориҷӣ дар минтақа бархӯрдор гардиданд.
Ҷаноби Улрич изҳор намуд: «Дар замони муосир вазъи бехатарӣ ва амният зудтағйирёбанда аст ва ҳамаи моро мебояд, ки касбияти баландро доро бошем, то ин ки сари вақт аксуламаламонро нисбати ин хатарҳо нишон диҳем. Меҳмонон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар радифи давлатҳои дигари муосир ҳамаи он хатарҳоеро, ки аз ҷониби созмонҳову гуруҳҳои террористӣ бармеояд, эҳсос менамоянд ва умедворанд, ки Шумо бехатариву суботи онҳоро таъмин хоҳед намуд. Ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ин самт натанҳо имконоти стратегии Ҳукуматиро тақвият мебахшад, балки барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон низ хеле муҳим мебошад».
Омӯзиш дар мавзӯи «Террористони зархариди хориҷӣ: муаяннамоӣ ва тафтишот» сеюмин курси омузишӣ дар соли 2018 мебошад, ки он дар доираи барномаи Ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм (АТА) ба роҳ монда шуда, аз ҷониби бахши минтақавии хадамоти амниятии сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шудааст. Аз соли 2001 то инҷониб беш аз 500 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар омӯзишҳое ширкат варзиданд, ки аз ҷониби барномаи Ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм (АТА) бо ҳисоби беш аз 7 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Ин барномаҳои омӯзишӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон доир гардидаанд.
Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм (АТА) соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис дода шудааст. Он механизми асосии ҳукумати ИМА барои таъминнамоии барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва технология барои давлатҳои шарики фаъоли ИМА мебошад, ки бар зидди терроризм мубориза мебаранд.
Барномаи мазкур яке аз барномаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки Сафорати ИМА аз номи мардуми Амрико дар Тоҷикистон татбиқ менамояд. Аз соли 1993 инҷониб халқи Амрико барои барномаҳои кӯмакрасоне, ки рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, беш аз 985 миллион доллари ИМА ҷудо намудааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика