Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ вобаста ба амалҳои ғайриқонунии зӯроварӣ дар оила

95

Мутобиқи нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва саҳмгузории филиали ташкилоти байналмилалии «ГОПА» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 13-14-уми апрели соли равон дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҷавобии сохтори бахшҳои телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ, вобаста ба амалҳои ғайриқонунии зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид.
Семинари омӯзишӣ бо иштироки сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, мутахассис-коршиноси филиали ташкилоти байналмилалии «ГОПА» иҷрокунандаи лоиҳаи Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виорелия Русу, кормандони бахши телефонҳои боварии 221-21-21 ва «Мадад 19-19»-и Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони қисмҳои навбатдории Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон доир гардид.

96

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Зумрад Абдуллозода оғоз намуда, зикр кард, ки бо ибтикори бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз соли 2012 то ба имрӯз дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ва телефони «Мадад 19-19» шабонарӯзӣ фаъолият намуда пайваста арзу дархост, миннатдориву сипоси шаҳрвандонро оид ба фаъолияти кормандони милитсия, хабарҳо оид ба пешгириву содиршавии қонуншиканиҳоро қабул менамоянд.
Дар доираи таъсисёбии телефони боварӣ, бо дастури Вазири корҳои дохилӣ дар РВКД вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ телефонҳои боварии сардорони бахшҳо таъсис дода шудааст, ки баҳри рафъи мушкилоти мардум ва ошкору пешгирии ҷиноятҳо фаъолона амал намуда истодаанд.
Аз рӯзи таъсисёбии телефонҳои боварии Вазорати корҳои дохилӣ то ба имрӯз аз ҷониби кормандони милитсия, садҳо қонуншиканиву ҷиноятҳои содиргардида ошкор ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо пешгирӣ карда шудаанд.
Дар баробари ин дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ бахшҳои кор бо оила ва ё хушунати хонаводагӣ, марказҳо ва шӯроҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, ки аз ҷониби кормандони ин бахшҳо даҳҳо ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ ошкору пешгирӣ гардида, нисбати вайронкунандагони ҳуқуқҳои инсон ва тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои мушахас андешида шудааст.

97

Дар идомаи семинари омӯзишӣ Виорелия Русу ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои саҳми беандоза гузоштан дар мубориза ба амалҳои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузор намудани ин семинари омузишӣ арзи сипос намуд.
Мавсуф дар суханронии худ аз таҷрибаи бахшҳои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар давлатҳои пешрафтаи дунё, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии самти мазкур, сабаб ва намудҳои зӯроварӣ дар оила, уҳдадориҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба ҳимояву дастгирии ҷабрдидагони зӯроварӣ, телефони боварӣ василаи ошкоркунии поймолшавии ҳуқуқи инсон ва ҷабрдидагони зӯроварӣ ва дигар паҳлӯҳои мавзӯи семинари омӯзишӣ сухан ронд.
Ҳамчунин дар ин чорабинии омӯзишӣ собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, полковники мустаъфӣ Олимов Қурбон оид ба ҳуқуқҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳолати ошкор шудани ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди татбиқи он маърӯза намуда, қайд кард, ки дар ошкору пешгирии хушунати хонаводагӣ, ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ дар баробари фаъолияти телефони боварӣ, инчунин саривақт пайгирӣ намудан, донишу малакаи касбӣ ва дар муошират риояи этикаи касбии кормандони милитсия, бахусус нозирони минтақавӣ нақши муҳимро мебозад. Зеро кормандони бахшҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва нозирони минтақавӣ бештар бо шаҳрвандон дар робита ҳастанд ва пайваста баҳри рафъи мушкилоти аҳолӣ фаъолият мебаранд.
Дар ин чорабинии омӯзишӣ роҳу воситаҳои бартарафсозии муноқишаҳои хонаводагӣ, сабаб ва зинаҳои ба амал омадани ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ва баррасиву ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни фаъоли семинари омӯзишӣ аз ҷониби директори филиали «ГОПА» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко сертификатҳо тақдим карда шуд.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика