Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуни шаҳидони мо, мечакад аз чангатон!!!

134Аз қатли Муҳиддини Олимпур 22 сол пур гардид.

Аксари донишҷӯёни маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира” – и ДДМТ субҳи хунини 13 декабри соли 1995-ро ёд доранд

 

Он субҳи тираи боронӣ ҷасади Муҳиддини Олимпур, маъруфтарин журналисти он айём дар пули назди факултаҳои филология ва журналистикаю шарқшиносӣ мехобид.
Имрӯз тасвири он саҳнаи даҳшатбор кори саҳлу содда менамояд ва онро кори дасти се-чор қотили касбӣ (киллер) мешуморанд. Аммо дар даромадгоҳи факултаҳое, ки аслан бо сухан ва қалам кор доштанд, партофтани ҷасади Олимпур ва аз даҳонаш парронидани ӯ на танҳо тасвири тасодуфӣ, балки ҳушдори қатъие ба қаламбадастони оянда ҳисоб мешуд.
Олимпур аслан на фарзанди ин майдон ва на он майдон буд. Амале, ки шӯҳраташро зиёд кард, омода кардани барномаҳои телевизиёние бо номи “Ситораҳои Шарқ” буд. Аз Гугуш мегуфт, аз Нодирпур ҳикоя мекард, розҳои Аҳмад Зоҳир мекушод.
Ва ҳатто соли кушта шуданаш, ки дар хиёбонҳои Душанбе хун мерехт, Сатторро ба Тоҷикистон оварда буд.
Албатта, ба кӣ ва кадом кишвар аз ҳунармандону шоирону нависандагони фирорияшон нақл карданаш писанд набуд, дарк кардан кори душворе нест.
Шояд бо назардошти ин хафв сентябри соли 1995 Саттор маънидорона дар суханронии кӯтоҳе, ки дар “Кохи Борбад” дошт, аз аҳли толор хоҳиш кард, ки “Олимпурро эҳтиёт кунед”...
Солҳо гузаштанд...
Соли 2001 аз чор нафар қотилони Олимпур ду нафар ва баъдтар соли 2005 қотили сеюм боздошт шудаву ба курсии айбдорӣ нишастанд ва ба гуноҳи хеш иқрор шуданд. Маълум шуд, ки ин куштор бо дасти аъзои гурӯҳи мусаллаҳи наҳзатӣ, таҳти фармондеҳии Нозим Юнусов (“Эшони Нозим”) сурат гирифта будааст. Агар ӯ имрӯз зинда мебуд шояд мегуфт, ки дар навбати худ ин амрро аз куҷо гирифтааст. Вале соли 1999, дар натиҷаи як амалиёт қумондони номбурда кушта шуду бо ҳамин асрори кӣ будани фармоишгарро бо худ бурд.
Соли 2012 масъалаи қатли Муҳиддини Олимпур дубора дар сархати хабарҳо ҷой гирифт. Интизор мерафт, ки ба муносибати 15 – солагии Истиқлол афви тиллоӣ эълон мегардад. Ба ин муносибат вакили парлумони он замон Муҳиддин Кабирӣ рӯйхате аз 161 нафар размандагони маҳбуси ҲНИТ-ро таъсис дода, аз Президент хоҳиш кард то онҳо афв бишаванд.
Ин рӯйихат авввал баъзе аз худи размандагони ҲНИТ-ро ба эътироз водор кард. Ба кадом роҳе шикояти собиқ қумондони ХНИТ Садриддин Тошев ба расонаҳо роҳ ёфт. Номбурда шиква аз он дошт, ки номи баъзе ду маротиба, - таҳти рақамҳои 57-58-59 ва рақамҳои 98-99-102 оварда шудааст ва номи кумондонҳои ба ҲНИТ “хизматкарда” чун Нозим Қурбоналиев нест. Номҳои такроршуда дар номаи эътирозии Тошев набуд ва табиист, ин даъвои Тошев рӯзноманигоронро водор кард то ба ин рӯйихат таваҷҷӯҳ намоянд ва фаҳманд, ки ин “эркаҳои райиси ҲНИТ” киҳо хастанд.
Барои рӯзноманигорон шигифтовар он буд, номҳои такрорӣ дар он нома ба номи Президент ... қотилони Муҳиддини Олимпур буданд! Чаро Муҳиддин Кабирӣ маҳз ба такрор аз онҳо мегӯяд? Чаро? Ин талаб реша аз куҷо мегирифт? Наход раҳбари як ҳизбе, ки дар муқоиса бо дигар сиёсатмадорон миёни дойираҳои журналистӣ аз ҳама фаъол худро хисоб мекард буд ва бисёр мехост ба журналистон ҳамеша писандида бошад, дидаву дониста, барои қотилони журналисте озодӣ хохад, ки Олимпур барои онҳо як идеали зиндагӣ ва эҷод ҳисоб мешавад?
Охир, ҳамон тавре пешвоёни маънавиашон барои онҳо қадру қиммат доранд, барои ҳар нафари рӯзноманигор Муҳиддини Олимпур ҳамин гуна қадр дорад!
Болои ин, набудани ному насаби “қумондони демократ” Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки ба муҳити журналистон наздиктар буд, аз ҲНИТ канор рафта буд, андешаеро қавитар мегардонид, ки ин рӯйихат тасодуф пайдо нашудааст.
Ёдам намеравад, ки он замон Кабирӣ дар аввал изҳор дошта буд, ки ба мушкилиҳои ҳаёти шахсӣ овора буду рӯйхатро муовинонаш омода кардаанд. Баъдтар гуфт, ки руйихат саросемавор омода шудааст ва он ҳама хатои техникӣ аст. Вақте ин андешаро ба яке аз муовинонаш гуфтам, лабханд заду ба суоли ман суол дод:
- Ба андешаи ту раҳбари як ҳизби сиёсӣ, ки даъвои Ҳукумат дорад, ба ҳуҷҷати муҳиме, ки ба Президент ва ҷомеа пешниҳод карданӣ аст, нахонда имзо мекунад? Оё намедонад, ки озодии киро мехоҳад? Дар паси ҳар номи ин рӯихат нафаре ё манфиате меистад?
Ин фақат як мисоли зинда барои онҳое аст, ки бут тарошидан ва бутпарастию дастбӯсиро дӯст медоранд. Ба ранги “галстукҳои аврупоӣ” фирефта мешаванд, хатоеро, ки соли 1992 бо интихобашон, - думравӣ аз онҳое, ки афви қотилонашонро мехоҳанд, такрор мекунанд.
Барои мисол як маърӯзаи ахири шоир ва журналист Темури Варқӣ дар шаҳри Венаро зикр мекунам. Ҳамкасби мо ба ҳадде дурӯғ мегӯяд, ки ҳатто ҳамкасбонашро дар ҳолати ногувор мегузорад. Ӯ даъво мекунад, ки нашрияҳои «Рӯзгор», «Овоза ва ҳақиқат», «Нигоҳ» аз ҷониби Ҳукумат баста шудаанд.
Хушбахтона, соҳибони ин расонаҳо ва дойираҳои журналистӣ посухаш доданд, вале фикр мекунам барои “справкаи Кабирӣ” (то ҷое шунидам, агар маълумотномаи ин шахс дар бораи мухолифи давлат будани паноҳҷӯй набошад, касе наметавонад дар Аврупо паноҳгоҳ гирад) барои гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ ба ин ҳад ҳамкасбони хешро тӯҳмат задан нашояд.
Дар ин маврид вобаста ба дигар ҷузъиёти маърӯзаи Темур Варқӣ журналист Додоҷони Атовулло менависад:
«Яке аз бонувони рӯзноманигори тоҷик, ки ба далели таҳдидҳо маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуда ва паноҳандагии сиёсӣ дар яке аз кишварҳои урупоӣ дарёфт намудааст, дар як сӯҳбати хусусӣ, барои ман (Темур Варқӣ дар назар аст) нақл кард, ки як корманди амниятӣ ӯро маҷбур ба нишастан дар мошини хидматии худ карда ва чанд соат нагузошта ӯ аз мошин берун ояд ва ҳатто иҷоза надода ба ҳоҷатхона биравад ва бар ӯ фишори руҳӣ ворид месохта ва таҳқираш мекарда ва таҳдидаш менамуда, ки ӯро дар зерзамини КДАМ ва ё дар берун аз шаҳр бурда ва ба номусаш таҷовуз хоҳад кард"
«1. Ин бону кист, ки иҷозаташ надодаанд ба ҳоҷатхона биравад, пас чӣ гуна рухсат додаанд, ки ба хориҷа бигурезад?
2. Агар ин "хонуми озодманиш ва журналисти бебок" гурехтааст ва статуси паноҳандагӣ дар Аврупо гирифтааст, чаро номашро ниҳон медорад ва аз кӣ меҳаросад, ки саргузашташро танҳо ба гӯши Варқӣ мегӯяд? Ё ин саргузашт афсона аст ва ё дар Аврупо ҳам ӯро намемонанд, қазои ҳоҷат кунад?
3. Агар ин бону номусашро ҳанӯз ҳам ҳифз карда бошад, чаро худаш хомӯш аст? Шояд ин саҳфаи ҳасби ҳолаш беҳтарин гузориш ё мақолаи ӯ мешуд. Гуфтани ҳақиқат аз рисолати асосии пешаи журналистист. Дигар ҳама баҳона ё афсона барои паноҳандагӣ гирифтан асту бас!»
Баргардем сари мавзӯъ:
Дар ҳамон дархост Кабирӣ ба Президент навишта буд:
: «Ҷашни 15- солагии имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллӣ беҳтарин ва муносибтарин фурсат барои афви ин шаҳрвандон ва ҳадяи идона ба ҳазорон падару модар ва фарзандон дар арафаи ин санаи таърихӣ мебошад. Шакке нест, ки ин амали хайр як саҳифаи навро дар корномаи сулҳофаринии Шумо ва хотираи неки миллат изофа хохад кард»...
Фикр мекунам ин дархост тире буд ба ҷигари ҳар рӯзноманигоре, ки Олимпурро мешинохт, ҳар нафаре барномаҳои ӯро боре дида буд, ҳар нафаре дар ҷодаи журналистикаи касбӣ қадам мебардорад.
Эҳтиёт бошед, рӯзноманигорон, аз сиёсатмадоре, ки маҳз дар назди шумо ҷилва мекунад ва медонад, ки фардо маҳз шумо он хиромидан ва он ҷилваро тасвир хоҳед кард. Мисли тасвири ҷасади хунини Олимпур...
Хуни шаҳидони ҳамкасби мо ҳанӯз аз чангатон мечакад!
Хуршед Атовулло
Бознашр аз «Фараҷ»


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика