Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китобҳои тозанашри олимони Академияи ВКД барои оммаи васеи хонандагон

220Ҳайдарзода Ш.Ҳ., Ҳомидов А.С., Муродзода А.Ғ., Саидов Ф., Файз Н. Асосҳои гидрогазодинамика. – Душанбе: Матбааи РТМТ ва Н ВКД ҶТ. 2018. – 102 с.

Дастури методӣ оид ба хосияти газҳои реалию идеалии ҷисмҳои сахт доир ба мубодилаи гармию усулҳои интиқоли он нақл менамояд.
Барои курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД, мутахассисони соҳаи гидравлика ва бехатарӣ аз сӯхтор, ҳамчунин, барои оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

 

 

 

221

Катиков Х.Б., Раҳматшоев С.Р. Дастури методӣ оид ба тайёрии сафии оташнишонӣ. – Душанбе: академияи ВКД, 2018. – 96 с.
Дастури методӣ нахустин маводи таълимии чопӣ дар соҳаи оташнишонӣ бо забони давлатӣ буда, оид ба тайёрии сафии оташнишонӣ, асосан барои ҳайати шахсии СҲДО ВКД ЧТ, курсантону шунавандагони Академияи ВКД ЧТ, инчунин, курсантони дигар макотиби олии ҳарбии кишвар пешбинӣ гардидааст.

 

 

 

222Ҳусейнзода С.Ҳ., Бухориев Б.Р., Аҳёзода Ш.Т. Ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахс: дастури таълимӣ-илмӣ. – Душанбе: “Сомон-Граф”, 2018. – 144 с.
Дар дастури таълимӣ-илмӣ доир ба ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахс, ки дар моддаҳои 130 то 1371 боби 17 Кодекси ҷиноятии ЧТ пешбинӣ гардидаанд, тибқи талаботи назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон тавсифи ҳуқуқии ҷиноятӣ ва илмӣ дода шудааст.
Дастури мазкур ба курсантон, донишҷӯён, аспирантон, адъюнктон, ки дар муассисаҳои таълимии ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ таълим мегиранд, тавсия карда мешавад. Инчунин, омӯзгорон дар рафти машғулиятҳои таълимӣ, судяҳо, прокурорҳо, адвокатҳо, кормандони МКД, кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шунавандагон дар рафти такмили ихтисос истифода бурда метавонанд.  

223Маҳмадов С.А., Ҳайдарзода Ш.Ҳ. Сиёсатшиносӣ. Душанбе: ҶДММ “Меҳроҷ Граф”, 2018. – 60 с.
Воситаи таълимии Сиёсатшиносӣ аз номгӯи мавзӯъҳои фанни сиёсатшиносӣ, адабиёти тавсияшуда барои омода намудани мавзӯъҳои таълимӣ иборат буда, инчунин, барои мутсаҳкам намудани мавзӯъҳои гузашта, саволномаи тестӣ ва ҷавобҳои саволномаи тестӣ пешниҳод карда шудааст.
Дастури таълимӣ барои шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД, инчунин, барои доираи восеи хонандагоне, ки ба омӯзиши фанни “Сиёсатшиносӣ” мароқ доранд, пешниҳод шудааст.

 

 

224Нарзуллоев С.С., Назаров У.С., Умаров А.Т., Мардонов С.Р., Атоев Ш.М. Маҷмӯи тестҳо аз фанни криминология. – Душанбе: “Эр-Граф”, 2018. – 72 с.
Маҷмӯи тестҳо аз фанни криминология тибқи нақшаи мавзӯъҳои таълимии фанни крминология омода шудааст, ки таълими он дар факултетҳои Академияи ВКД фаро гирифта мешавад. Мақсади омода намудани маҷмӯи мазкур дар баланд бардоштани савияи дониш оид ба мавзӯъҳои алоҳидаи фанни криминология равона карда шудааст. Дастур ба шунавандагон, курсантон, адъюнктон ва нафароне, ки ба фанни криминология шавқу рағбат доранд, ёрии худро мерасонад. 

 

 

225Аҳёзода Ш.Т., Атоев Ш.М., Мардонов С.Р. Маҷмуаи тестҳо аз фанни квалификатсияи ҷиноят.- Душанбе: “Сомон-Граф”, 2018, - 52 с

Дар Маҷмӯаи тестҳо доир ба мафҳум ва намудҳои квалификатсияи (бандубасти) ҷиноят, давраҳои раванди квалификатсияи ҷиноят, қонунгузории ҷиноятӣ – асоси ҳуқуқӣ барои квалификатсияи ҷиноят ва дигар мавзӯъҳое, ки дар барнома ва силлабуси фанни квалификатсяи ҷиноят пешбинӣ гардидааст, оварда шудаанд.
Маҷмӯаи тестҳо аз фанни квалификатсияи ҷиноят аз 165 саволу ҷавобҳо иборат мебошад.

 

 

226Тафсири илмӣ-амалии ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ / Муҳаррири масъул Ҳафиззода Ш.Ҳ. – Душанбе: Матбааи РТИТ ва ва Н-и ВКД ҶТ, 2018. – 96 с.
тафсири мазкур бо назардошти дар даврони соҳибихтиёрӣ сифатан ва миқдоран такмил ёфтани сатҳи қонунгузории миллӣ дар самти моликияти зеҳнӣ ва робита ба инкишофи муттасили муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки зарурати омӯзиши доимии онро тақозо менамояд, таҳия карда шудааст. Дар он масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ вобаста ба моликияти зеҳнӣ, асосҳои ҳуқуқии батанзимдарорӣ, табиати ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва таркиби ҷиноятҳо дар самти моликияти зеҳнӣ, мавриди таҳлил ва тафсир қарор дода шудааст. Илова бар ин, вобаста ба такмили қонунгузории соҳавӣ марбут ба моликияти зеҳнӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шудаанд.
Барои роҳнамоӣ дар фаъолияти амалии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус, кормандони оперативӣ ва тафтишотӣ, инчунин ба доираи васеи кормандони илмӣ, омӯзгорон, курсантону шунавандагони Академияи ВКД ва дигар шахсони хоҳишманд тавсия мешаванд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика