Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори ҷомеаи демократӣ

691

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ноябри соли 2018 сардори Академияи мазкур, генерал-майори милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо сухани табирикотӣ баромад намуда, ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт. 

692

Ӯ иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ, тақвиятбахшандаи ҷомеаи демократӣ, соҳибихтиёрии давлат ва батанзимдарорандаи муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё сохтани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

693694

Инчунин, конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузори ҷомеаи демократӣ» бахшида ба 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки мутахассисон дар мавзӯъҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии инсон ва шаҳрванд», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи арзишҳои динии инсон ва шаҳрванд», “Таърихи ташаккулёбии Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Асосҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ-ҷиноятии муқовимат ба экстремизм”, «Конститутсия ҳамчун асоси соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мазмун ва моҳияти тағйиру иловаҳои соли 2016 дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.
Сафаров Ҳ.С.
Убайдуллоев Ш.Э.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика