Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарфароз гардидани курсантони факултети №4-и Академияи ВКД ба стипендияи Раиси вилояти Суғд

173

Рӯзи 23-юми майи соли 2018 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар назди Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол” маросими тантанавии ҷамъбастии чорабиниҳои «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд.

Ин чорабинии бошукӯҳ бо ҳузури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, роҳбарони муаасисаҳои олӣ ва кормандони соҳаи маориф, ҷавонони фаъол, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони Стипендияи Раиси вилояти Суғд, шоирон ва санъаткорони наврасу ҷавон, ғолибони як қатор озмунҳо ва гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, варзишгарон, намояндагони ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуд.
Бояд зикр кард, ки дар раванди ислоҳоти сохтори идоракунии давлатӣ маҳз ба хотири рушди варзиш ва сайёҳии мамлакат аз соли 2006 идораи ин соҳаҳо ба уҳдаи мақоми ваколатдори сиёсати ҷавонон вогузор гардид, ки ҳар сол аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун байни донишҷуёни вилоят барои додани стипендияи Раиси вилояти Суғд гузаронида мешавад.

174

Аз ин рӯ, роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд аз 2-юми майи соли 2018, №163, «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои соли таҳсили 2017-2018» талаботи Низомнома марҳилаи аввали озмунро дар факултет ташкилу баргузор намуд. Номзадии довталабон, курсанти курси сеюм Давлатзода Мурод Хайриддин ва курсанти курси чор Тоҷиддинов Хушвахт Ҳасанович дар марҳилаи аввали озмун ба гирифтани холҳои зарурӣ ноил гардидаанд, дар асоси Қарори Шӯрои олимони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар озмуни вилоятӣ пешбарӣ гардиданд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ курсантони факултети №4, курсанти курси чорум Тоҷиддинов Хушвахт Ҳасанович ва курсанти курси сеюм Давлатзода Мурод Хайриддин иштирок намуда, гирандаи стипендияи Раиси вилояти Суғд барои соли таҳсили 2017-2018 гаштанд.
Ҷабборова М.Т., сардори қисми таълимии факултети №4, н.и.ф., майори милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика