Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани он-лайн конференсияи байналмилалӣ

355

Барои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи ҳамкорӣ бо донишкадаҳои қудратӣ, алалхусус, донишкадаҳои пешқадами хориҷӣ бешубҳа яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолият маҳсуб ёфта, танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ тайёр намудани кормандони баландихтисосе, ки аз уҳдаи ҳалли вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории на танҳо маҳдуд, балки дар миқиёси байнидавлатӣ қобилиятдошта мумкин аст.

Вобаста ба ин, якумин бор дар таърихи Академияи ВКД, дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Донишкадаи Сибирии ВКД Россия дар ш.Красноярск ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 5 апрели соли 2018 мутахассисони Академияи ВКД дар он-лайн конференсияи XXI-уми илмӣ-амалии байналмилалии «Масоили мубрами мубориза ба ҷинояткорӣ: масъалаҳои назария ва амалия» (Актуальные проблемы борьбы с преступностью: вопросы теории и практики), ки дар ш.Красноярск баргузор гардид, иштирок намуданд. Конференсияи мазкур бо истифода аз барномаи интернетии «Скайп» баргузор гардид.
Дар чорабнии мазкур муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади имлҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Саидзода З.А., инчунин, профессорону омӯзгорони факултетҳои №№ 2 ва 6 иштирок намуданд.

356

Дар он-лайн конференсия сардори факултети №1 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Нозиров Н.А. бо маърӯза дар мавзӯи «Ташкил намудани ҳамкории муфаттиш бо мақомоти таҳқиқ дар доираи ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд» (Организация взаимодействия следователя с органами дознания в контексте охраны прав и свобод человека и гражданина) баромад намуд. Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи олимони Донишкадаи Сибирии ВКД Россия дар ш.Красноярск ба маърӯзачӣ оид ба хусусиятҳои рафти тафтиш ва таҳқиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод гардиданд.
Каримова Л.М., Убайдуллоев Ш.Э., Сафаров О.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика