Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи инсон – арзиши олист

125

Ҳуқуқи инсон мафҳуми хеле мураккабу гуногунҷабҳа буда, ба он ягона ва тафсири якмаъноӣ додан хеле душвор мебошад.
Бинобар ин, ҳафтаи сипаригардида дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ сардори шуъбаи илмӣ-ташкилӣ ва табъу нашри Академияи Вазорати корҳои дохилӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Тошев А.М. сухан ронда, қайд кард, ки ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонист. Амалисозӣ ва ё баръакс, вайрон намудани ҳуқуқҳои инсон ба инкишофи рӯҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии чи умуман давлат ва ҷомеа ва чи ҳар як шахсияти алоҳида таъсир мерасонад.

126

Дар кори конференсия масъалаҳои нақши давлат дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии инсон ва шаҳрванд, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ, ҳолати ҳуқуқии гурезагон аз нигоҳи арзишҳои ҳуқуқӣ-динии исломӣ, масоили таъмини ҳуқуқи инсон дар амалӣ намудани адолати судӣ, таҷрибаи ҷаҳонӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон баррасӣ шуданд.
Дар рафти конференсия мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, омӯзгорон, ҳамчунин, шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД фаъолона иштирок намуданд.
Сафаров Ҳ.С., сардори кафедраи давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика