Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулиятҳои тактикӣ бо курсантони Академияи ВКД

109

Тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати боз ҳам мукаммал гардонидани дониши ҳаматарафаи ҳуқуқӣ ва маҳорату малакаи касбии курсантони кафедраи бехатарӣ аз сўхтори факултети №5-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД баргузории маҷмўи чорабиниҳои мақсадноки назариявию амалиро бо курсантони Академия ба нақша гирифта, татбиқи амалии онро мунтазам роҳандозӣ намуда истодаанд.

110

Дар доираи чунин чорабиниҳо аз тарафи мутахассисони Сарраёсат ва омўзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дар Гипермаркети «Ашан сити», воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳои ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, ки масоҳати умумии он 33 ҳазор метри мураббаъ буда, барои 696-нафар ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, бо курсантони курси 5-уми кафедраи бехатарӣ аз сўхтори факултети 5-уми Академияи ВКД, ҷиҳати ба таври амалӣ гузаронидани санҷиши шартии ҳолати бехатарӣ аз сўхтор ва омўхтани хусусиятҳои махсуси асбобу таҷҳизотҳои муҳандисӣ-техникии оташнишонии он машғулияти тактикӣ-оперативӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти машғулият курсантон бо тартиби кор ва истифодабарии системаи автоматикии аз сўхтор воқифкунанда ва дигар асбобу таҷҳизотҳои махсуси оташнишонӣ, инчунин мўҳлату тартиби гузаронидани хизматрасонии техникии онҳо, бо роҳбаладии шахси масъули иншооти мазкур Абдулмумин Оев, дар амал шинос гардида, донишу малакаи хешро мукамал гардониданд.
Ҳамчунин бо мақсади омодагии доимии рўҳию ҷисмонӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисосу болаёқат аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД ва масъулини Академия дар Маркази савдо ва хизматрасонии «Ховарон»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт машғулияти муштараки тактикӣ-оташнишонии бастҳои навбатдории Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва курсантони Академия баргузор карда шуд.

111

Аз рўи сенария гӯё дар масоҳати 120 метри мураббаъ дар дохили Маркази савдо сўхтор рух дода, хавфи дар коми оташ несту нобуд гардидани молу маҳсулоти соҳибкорону савдогаронро ба миён овардааст.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки фаврии кормандони ХДО, курсантони Академия ва масъулону аъзоёни дружинаи идоравии оташнишонии маркази савдо, бо истифода аз 3 адад нақлиётҳои сўхторхомўшкунӣ, сўхтори шартӣ дар кўтоҳтарин фурсат иҳота ва дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомуш карда шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи муовини сардори шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Хурсандқул Катиков ва сардори факултети № 5-уми Академияи ВКД полковники милитсия Шомурод Ҳайдарзода ба машғулияти муштараки гузаронидашуда, баҳои хуб дода шуд.

112

Аз ҷониби директории Маркази савдо ва хизматрасонии «Ховарон» Абдусалом Ҳақназаров ва гурӯҳи соҳибкорону савдогарони он низ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД барои ҳамкории доимӣ дар таҳкими вазъи бехатарӣ аз сўхтор ва баргузор намудани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни соҳибкорону савдогарон изҳори сипос карда шуд.
Кор дар ин самт аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД идома дорад.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, кормандони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад