Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Шакл ва усулҳои муосири такмили ихтисоси кормандони МКД»

116

Тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ – тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2017 дар толори Шӯрои олимони Академияи мазкур аз ҷониби кафедраи такмили ихтисос мизи мудаввар дар мавзӯи «Шакл ва усулҳои муосири такмили ихтисоси кормандони МКД» бо иштироки омӯзгорони факултети №3 ва шунавандагони курси такмили ихтисос аз ҳисоби кормандони Хизмати посбонию-пайроҳадории милитсияи ВКД баргузор гардид. 

117

Дар мизи мудаввар муаллими Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Темиров Валӣ Тиллобоевич дар мавзӯи «Роҳҳои усули баланбардории самаранокии курсҳои такмили ихтисос», муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Асламов Бозаралӣ Сафаралиевич дар мавзӯи «Шакл ва усулҳои педагогӣ-психологии такмили ихтисос дар МКД: мутобиқгардонии онҳо ба фаъолияти амалӣ», муовини сардори факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Солеҳзода Фароғат Фатҳиддин дар мавзӯи «Мафҳуми такмили ихтисос, пешниҳодҳо барои беҳтарсозии он», сардори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.сиёсӣ., подполковники милитсия Ҳалимзода Дилафруз Додихудо дар мавзӯи «Фармон ва дастурамалҳои МКД оид ба баланд бардоштани сифати такмили ихтисос дар МКД» маърўза намуданд.
Мизи мудаввар дар сатҳи баланд бо баррасии масъалаи ба миёнгузошта баргузор гардида, пешниҳодҳои хуб дар самти беҳтарсозии сифати курсҳои такмили ихтисос садо доданд.
Ҳалимзода Д.Д., сардори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД н.и.сиёсӣ., подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика