Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Робитаи назария бо амалия дар Академияи ВКД

Яке аз вазифаҳои муҳими кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ин баланд бардоштани такмили ихтисос мебошад. Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазири корҳои дохилӣ, генера-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро 21 – нафар кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ сафарбар гардиданд.

Қобили қайд аст, ки бо онҳо профессорону омӯзгорони ботаҷриба, аз қабили сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., сардори факултети №3, номзади илмҳои ҳуқуқ Насуриён П.А., муовини сардори факултети №2, полковники милитсия Асламов Б.С., сардори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўии факултети №6 полковники милитсия Аҳтамшозода С.А., омӯзгори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3, лейтенанти калони милитсия Қурбонов Ф.Н. аз фанҳои гуногун машғулиятҳо гузаронида, ба онҳо нозукиҳои робитаи байни назария бо амалияи мақомоти корҳои дохилиро фаҳмонида, онҳоро ба чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ҷалб намуданд.
Дар ҳамин асос, бо ташаббуси роҳбарияти факултети №3, шуъбаи таълими Академияи ВКД мутахассисони варзида аз муассисаҳои гуногун ба раванди таълим ҷалб гардида, ба шунавандагон дарсҳои амалӣ мегузаронанд.
Аз ҷумла, санаи 5 декабри соли 2017, аз ҷониби сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ ва идоракунии Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Боиров Фарҳод, мутахассис Купайи Генадий Джавадович бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дарси амалӣ дар мавзӯи «Моликияти зеҳнӣ» гузаронида шуд.
Мавзӯъро шунавандагон хуб пазируфта, бо саволу ҷавобҳо донишу малакаи худро мустаҳкам намуданд.

Ба масъалаи мазкур роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда, кӯшиш менамояд, ки раванди таълим дар муассисаи мазкур дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, курсантон ва шунавандагон соҳиби донишҳои муосир гарданд.
Ҳалимзода Дилафрӯз, сардори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3, номзади илмҳои сиёсӣ, полковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика