Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими робитаҳои байналмилалии Академияи ВКД бо ташкилотҳои хориҷӣ

28-уми ноябри соли 2017 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии расмии ҷаноби Майк Малш - атташе оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Департаменти адлияи ШМА/ Бюрои тафтишотии федеролӣ (FBI) Сафоратхонаи ШМА дар ш.Остона, ҷаноби Ҷеймс Берг - мушовир оид ба масъалаҳои адлияи Сафоратхонаи ШМА дар ш.Душанбе ва ҷаноби Девид Рубино - роҳбари Филиали Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико / Барномаи Волоияти Қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (АБА РОЛИ) бо роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсади вохӯрӣ - ин муҳокимаи натиҷаи сафари кории омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойтахти ШМА Вашингтон ва Округи Колумбия, ки ба наздикӣ доир гардид, иборат буд. Иштирокчиёни вохурӣ қайд намуданд, ки сафари мазкур барои омўзгорон имконият дод, ки аз усулҳои фаъоли таълим, ки дар ҷараёни дарси муосир метавонанд истифода гарданд, омӯзиш намуда, минбаъд дар ҷараёни таълим бо мақсади тайёр намудани кадрҳои содиқ ва ҷавобгўи талаботи имрўзи ҷомеа истифода намоянд.

Ҳамчунин, дар вохурӣ масъалаҳои фаъолияти муштараки АБА РОЛИ ба Академияи ВКД ҷиҳати ислоҳоти низоми таълимии ВКД Тоҷикистон, ҳамчунин, таълим ва бозомўзии кормандон, баррасӣ гардиданд.
Муовини аввали сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. аз номи роҳбарияти Академия оид ба муносибатҳои босуръати рушдёбанда, боз ҳам фаъол гардидани он дар оянда ва таҳкими робитаҳои зич байни ВКД ва АБА РОЛИ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки бо назардошти чораҳои беҳтар намудани раванди таълим, бозомўзӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, кормандони Академияи ВКД дар ин раванд қадамҳои устувор монда истодаанд.
Дар ҷараёни вохўрӣ, ҷаноби Майк Малш ба як қатор саволҳои худ ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар Академияи ВКД ҳамчун муассисаи таълимие, ки мутахассисони ояндаи мақомоти корҳои дохилиро тайёр мекунад, ҷавобҳои мушаххас гирифт.
Ҳамчунин, меҳмонон аз бинои нави Академияи ВКД боздид ба амал оварда, аз шароит ва тарзи таълиму таҳсил дар ин боргоҳи илм ошноӣ пайдо карданд.

Ҷаноби Майк Малш ба роҳбарияти Академияи ВКД барои пазироии гарму самимӣ арзи сипос намуда, умедворӣ баён намуд, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши байни Академияи ВКД, Сафротахонаи ШМА дар Тоҷикистон ва Филиали Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико / Барномаи Волоияти Қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (АБА РОЛИ) устувор хоҳад шуд.
Дар хотимаи вохӯрӣ аз номи роҳбарияти Академияи ВКД ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Каримова Л.М., Хабирова Т.А., Сафаров О.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика