Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди иштирокчиёни Фестивали дӯстӣ аз Академияи ВКД

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо иштироки ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиёни Фестивали мазкур аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, як ҷаҳон таассуроти хотирмон бардоштанд.
Барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ба хусус ташаккули фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ фароҳам овардани заминаҳои мусоиди худташаккулёбии ҷавонон бахшида ба «Соли ҷавонон» аз номи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо «Ифтихорнома» ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Наҷмидинов М., раиси Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика