Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд дар боби танзим ва таълим

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони касбу кори гуногун ва олимону мутахассисон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст ва онҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯриҳо гузаронида, мазмуну моҳияти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба аҳли ҷамоатчигӣ мефаҳмонанд. Дар ин самт, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ низ чандин суҳбату мулоқотҳоро доир намудааст, ки аз он натиҷаи назаррас ба даст хоҳад омад.

Дар ин асос, рӯзи 11-уми октябр дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов вохўрии роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо устодону донишҷўёни ин муассисаи таҳсилоти олӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини ректори донишкада Мирзобоқӣ Шарипов аз фаъолияти шабонарўзии кормандони милитсия, ҳамкориҳои зичи донишкада бо мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми донишкада дар татбиқи қонуну қарорҳои дахлдор ва пешрафти соҳаи варзиш суханронӣ намуда, афзуд, ки боиси хушҳолии мо, кормандони соҳаи маориф ва илм аст, ки маорифчиён ва муҳассилини мактабҳои олии мамлакат соли нави хонишро бо дастоварди навбатӣ - ифтитоҳи бинои нави замонавии Академияи ВКД бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифтанд. Мо, ҳамчунин ифтихорманд аз он ҳастем, ки имрўз бо роҳбарияти ин муассисаи таълимии низомӣ мулоқот доир менамоем.
Дар идома, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ мақсади вохўриро - шарҳи тағйиру иловаҳо ва моҳияту вазифаҳои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», маънидод намуда, зикр кард, ки аз қабули қонуни мазкур 10 сол пур шуд ва ба ин муносибат рўзи 11-уми июли соли равон мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар доир гашт, ки бори дигар аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаи амалисозии яке аз ҳадафҳои асосӣ - беҳтарсозии шароити зисту зиндагонии сокинони ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.

Сардори Академия, ҳамчунин зимни суханронии хеш афзуд, ки дар баробари ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» инчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиротҳо ворид гардид, ки донистани онҳо барои ҳайати омўзгорону донишҷўён муфид мебошад.
Ба иттилои мавсуф, аз рўзи ворид гардидани тағйиру иловаҳои нав ба Кодексҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарӣ дар самти бо автомашинаи шахсӣ ба дарс омадани донишҷўён пурзўр гардида, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аллакай 18 донишҷўро сабти ном намудаанд, ки бо автомашинаҳои шахсӣ ба муассисаи таҳсилоти олӣ ҳозир шудаанд ва барои чораҷўӣ нисбати онҳо ба роҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳои марбута мактубҳо ирсол гардидааст.
Дар идомаи вохўрӣ муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Мирзо Шарифзода дар баромади худ қайд намуд, ки қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон, танзиму ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ нақши арзандаеро гузоштааст.
Мавсуф шарҳи қонунҳоро ба самъи ҳозирин расонида, дар бораи иловаҳои Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал изҳори андеша намуд.
Дар охир донишҷўён дар бораи наомадан ба автомашинаҳои шахсӣ ба донишкада, манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ ва талаботҳои таҳсил дар Академияи ВКД суолҳо дода, посухҳои аниқ гирифтанд.
Наврӯз Ҷобиров


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика