Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расми хуби тоҷиконро гум макун…

Дар доираи эълон гардидани соли 2017 - «Соли ҷавонон» бо ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариш додани методҳои таълимии муосир ва шиносоии курсантон аз ҳаёти якдигар ташрифи курсантони Академияи мазкур аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе ва аз пойтахт ба шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуд.
Аз 2-юм то 11-уми майи соли 2017, 10-нафар курсантон аз факултетҳои рақамҳои 2 ва 4-и Академияи ВКД ба ташрифи якдигар рафта, аз рафти таҳсил, ҳаёти ҷамъиятии якдигар аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Аз ҷумла, курсантони курси 1-уми факултети рақами 2 Хайриддин А., Бобохонов С., Довудшои А., Убайдов Ю., Қаландаров Ш., Шаропов А., Муминов А., К.Давлаталӣ, Бобоев А., Маҳмедов С.-ро дар факултети рақами 4 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд роҳбарияти факултети рақами 4 бо хушнудӣ истиқбол гирифта, онҳоро бо ҷойи зист ва таҳсил таъмин намуданд.
Тӯли якчанд рӯзи таҳсил курсантон бо якдигар дӯстӣ пайдо намуда, оид ба илму дониш ва расму русуми ҳамсолони хуҷандии худ аз наздик шинос гардиданд.
Қобили қайд аст, ки курсантони курси 1-уми факултети рақами 4 Аюбов М., Аюбов Ш., Эшматов У., Султонов А., Нуруллоев М., Зоиров Х., Миролимов М., Каримов Д., Очилов А., Тешаев Б. ба факултети рақами 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ мебошад, ташриф оварданд.
Роҳбарияти Академияи ВКД ва устодону омӯзгорони шуъбаи таълим ва факултети рақами 2 онҳоро бо хушнудӣ пазируфта, ба курсантон тамоми шароитҳои зисту таълим, варзишу фароғатро фароҳам оварданд.
Дар ин рӯзҳо донишандӯзон, ки аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, бо устодону омӯзгорон ва ҳамсабақони худ робитаи зичи дӯстию рафоқат, ҳамгироию ҳамдигарфаҳмӣ ва бародарӣ пайдо намуданд.
Тавре шоири шаҳир, махбуб ва сулҳпарвар, устод Мирзо Турсунзода мефармояд:
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун...
Курсантони мазкур ҳамчунин дар тамоми чорабиниҳои илмӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ фаъолона иштирок карданд.
Душанбешаҳр ва шаҳри Хуҷанд, ки дорои таърихи қадима, ёдгориҳои бостонӣ ва расму ойини аҷдодӣ мебошанд, курсантон зимни боздид аз чунин ҷойҳои таърихӣ мутаассир гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ин тасмими роҳбарияти Академияи ВКД на танҳо дӯстӣ, рафоқат, омӯзиши таҷрибаи якдигарро ғанӣ мегардонад, балки маънавиёт, ҳисси ватандӯстӣ ва ваҳдату ягонагии курсантонро боз ҳам ташаккул медиҳад.
Ин ташаббус ва иқдоми нек ҷиҳати табодули таҷриба ва барқарор намудани пайванди дӯстӣ байни факултетҳои Академияи ВКД дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Коллеҷи милитсия, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб идома дорад.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика