Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дӯсти Тоҷикон!

198Вақте матлаби «Нигоҳе ба «лидер»-ҳои Хоруғ» дар газетаи мардумии СССР (№39(524) чоп шуд, бархе муғризин овардани акси Оғохони 4-ро дар ин матлаб ба маънии нодуруст фаҳмида, сару садо бароварданд, ки чаро акси зебои Оғохон-пешвои исмоилиҳои ҷаҳон, дар паҳлӯи ҷинояткору силаҳшӯрон омадааст? 

Ин дар ҳолест, ки газетаи СССР сурати Оғохони чаҳорумро ба ин ҳадаф дар матлаб гузошт, ки мавсуф аз қабл дӯсти Тоҷикону Тоҷикистон буду ҳаст ва ҳаргиз миёни миллати мо, ки бадахшиҳои баландгуҳар низ узви билоивази онанд, тафриқа нагузоштааст. Ин ҳолост, ки чанд сакалтуи ҳардамхаёл ба хотири манофеъи худ Бадахшонро ба шӯр меоранд.
Рӯиҳамрафта, СССР чандин шумора пеш навишта буд, ки Шоҳ Карим Оғохони 4 аз оғоз зидди ҷангу хунрезӣ буду даъват ба сулҳу салоҳ мекард. Шояд бештар аз газетаи СССР нашрияе роҷеъ ба фаолияти Имом-ҳозир сӯҳбат накарда бошад!
СССР дар тӯли 10 соли ҳастӣ даҳҳо матолиби дӯстиро бо акси ӯ нашр намудааст!
Усулан Шоҳзода Оғохони 4 аз дӯстони Тоҷикон ва дӯсти инфиродии президент Эмомалӣ Раҳмон буда, ба кишвари мо меҳру самимияти хоса дорад. Зеро маҳз ибтикори инфиродии президенти ҶТ буд, ки помириҳои азиз ба дидори пешвои мазҳабашон дар тӯли чанд садсолаи ахир расиданд! Хотиррас мешавем, Русияе, ки имрӯз чанд мағзтиҳӣ даъвии парастиш доранд, дар тӯли 150 соли ахир роҳи Пешвои исмоилиҳоро ба Бадахшон комилан баста буду танҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мазҳабиён ба дидори пешвояшон мушарраф гардиданд! Яъне ҳар нафаре зидди ин давлат сухане мегӯяд, ба таҳқиқ зидди дидори бадахшиҳо бо пешвои мазҳабияшон баромад мекунад!!!
Дар солҳои ҷанги гражданӣ маҳз бо дахолати бевоситаи Имом-Ҳозир бадахшиҳо аз ворид шудан ба набардҳои хунину нангин даст шустанд. Кӯмакҳои моливу ғизоии Эмом Оғохони 4 дар солҳои сахттарин ба бадахшониҳо ин вилоятро тавонист аз вартаи гуруснагӣ ҳифз кунад. Бадахшониҳо ин хайру сахои пешвояшонро дар ҳич давру замон фаромӯш намекунанд: Тоҷикистон низ…

Оғохони 4 кист?

Дар Тоҷикистони азиз беш аз 200 ҳазор исмоилӣ, муридони Мавлоно Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, Эмом Оғохони 4 ба сар мебаранд. Ин ҷо лозим донистем, ки барои хонандагони газета бархе аз штрихҳои зиндагиномаи Ӯро муаррифӣ кунем.
Шоҳзода Карим-ал-Ҳусайн 13.12.1936 дар Женеваи Шветсария-сарватмандтарин давлати олам таваллуд шудааст. Аз табори ҳазрати пайғамбари Ислом, Муҳаммад (с.) аз дудмони Алӣ ибни Абутолиб (р.) ва Фотима (р.)-духтари пайғамбари Ислом аст. Падараш Шоҳзода Алӣ Сулаймон, писари Оғохони 3 ва модараш Малика Тоҷуддавла (John Yarde-Buller) духтари барони саввум Чарстон (3rd Baron Churston) мебошанд.
Хатмуттаҳсили мактаби шветсарии Institut Le Rosey ва Донишгоҳи Гарварди Амрико дар умури «Таърихи Ислом» аст (1959).

Биографияи фаолият

Соли 1957, пас аз реҳлати Оғохони 3, ӯ пешвои Исмолиёни ҷаҳон интихоб шуда, соҳиби унвони баланди Оғохони 4 гардид. Дар ҳамин сол Маликаи Англия ба Ӯ унвони «Ҷаноби Олӣ» тақдим кард. Дар соли 1959 Шоҳаншоҳи Эрон-Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ ба Ӯ рутбаи «Аълоҳазрат Шоҳзода»-ро инъом намуд.
Соли 1967 Фонди Оғохон ва соли 1976 Ҷоизаи Оғохон дар умури кишоварзиро таъсис дод. Соли 1977 ҷоизаи Оғохон дар архитектура боз шуд. Дар соли 1983 дар Покистон Университети Оғохонро ташкил кард, ки Президенташ худи Шоҳзода аст. Ташкилоти Aga Khan Development Network, ки раҳбари бевоситааш Оғохони 4 мебошад, дар ақсои олам корҳои хайрия, кӯмаки иҷтимоӣ ва иқтисодиву маърифатиро пиёда мекунад.

Оилаи олирутба

Мавлоно Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ аз 2 издивоҷ 5 фарзанд дорад.
Аз Салима Оғохон (Сара Фрэнсис Крокер-Пул):
1. Малика Заҳро Оғохон (18.09.1970)
2. Шоҳзода Раҳим Оғохон (12.10.1971)
3. Шоҳзода Ҳусейн Оғохон (10.04.1974)
Аз зани дуввум- Инаоро Оғохон (Габриэла Ҳомей):
4. Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон (07.03.2000)
5. Малика Тереза Лейнингенӣ-духтари Инаоро аз никоҳи аввалаш бо Шоҳзода Карл Эмих Лейнингенский (1992)

Дилкашии Оғохон

Мавлоно Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ, ки дар қалби Аврупо таваллуд шудаву таҳсили пештозтарин донишгоҳҳои олами Ғарбро гирифтааст, харизма ё худ симпатияи вежа дорад. Оламиёнро ба хусус тарзу усули либоспӯшии пешвои 1 мазҳаб, ки авлоди бевоситаи дудмони пайғамбари Ислом мебошад, шефта кардааст. Шоҳзода Оғохон бар зидди тамомии стереотипҳои шарқиву ғарбӣ риш намемонад ва ҷомаву дастори шарқӣ намепӯшад. Услуби либоспӯшии ӯ имрӯз ҳатто аврупоиёнро мухлиси Ислом кардааст. Ин аст, ки Оғохони 4 барандаи ордену медалу нишону унвонҳои фахрии қариб тамоми давлатҳои пешрафтаи олам аст ва бо ҳама ашхоси прогресси аср дидор мекунад ва меҳмони гиромиву деринтизори ҳар хонадони шоҳону маликаҳои Аврупост. Кофист бигӯем, ки ҳатто Путин В.В. фахр мекард, ки Оғохон 1 бор меҳмонаш шуда буд…

Қудуми муборак бар Тоҷикистон

Сокинони Тоҷикистон Мавлоно Шоҳ Карим Оғохони IV-ро на танҳо чун имоми исмоилиён, балки ҳамчун 1 дӯст ва хайрхоҳи тамоми мусалмонони дунё эҳтирому эътироф мекунанд, ки ҳамеша хоҳони Сулҳ ва Оромиш дар Тоҷикистони ҷангзадаи солҳои мӯҳлики гражданӣ буд.
Шоҳ Карим Оғохони 4 бори нахуст соли 1995 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф фармуда, бо исмоилиёни кишвар, ки дар вилояти Бадахшон аксарияташон иқомат доранд, вохӯриву мулоқотҳо гузаронд. Тӯли солҳои Истиқлолият Шоҳзода Карим 8 бор ба Тоҷикистон сафар карда, бо муридон ва ҳаводорон мулоқот доир намудааст.
Дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, пешорӯи Кохи Борбад, Маркази исмоилиён бо бинои мӯҳташам ва соири утоқҳои кориву намоишгоҳҳо фаъолият мекунад. Маркази мазкур дар тарғибу тарбияи фарҳанг ва таърихи ғановатбори Тоҷикон дар дохили кишвар ва берун аз он ба ҷаҳониён саҳми беандоза дорад.
Қудуми мубораки Оғохон ҳамеша пурфайз аст. Аммо бо ин иллат, ки дар Бадахшон, ба вежа Хоруғ, силоҳи зиёд дар дасти афроди ҷиноятпеша ғайриқонунӣ мондааст, ба хотири амнияти яке аз чеҳраҳои таърихсози асри муосир, солҳои ахир пешвои исмоилиҳои ҷаҳон ба ВМКБ омада наметавонад!
Мардум! Агар ба дидори Пешво расиданиед, пас худатон даъват ва маҷбур кунед, ки ҷинояткорон силоҳи ғайриқонуниро супоранд.
Ба таҳқиқ, агар Хоруғ ором шуд, Мавлоно Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, Эмом Оғохони 4 ҳатман ба Бадахшон ташриф меоранд. Мо медонем, ки чӣ мегӯем. Мо метавонем!

Бознашр аз сомонаи «СССР»




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика