Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аъмоли наҳзатиён зидди истиқлолияти миллист

196Барои мардуми фурӯхташудаву хоин, ки асли арзиши онҳоро пул ташкил медиҳад, ҳеҷ гуна муқаддасот ва арзиш вуҷуд надорад. Онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, фақат ба роҳи тавтеаву дурӯғпардозӣ бо мафҳумҳое, ки арзишҳои баланди инсониро ифодагаранд, бозӣ мекунанд. Ин нукта бевосита ба фирориёни дар хориҷ паноҳбурдаи ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ марбут аст.

Ин гурӯҳи авомфиреб, ки бозичаи дасти бегонагонанд, барои таъсир расондан ба мафкураи мардум ва бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар аз хоҷагони берунаашон пулу сармоя меситонанд ва мехоҳанд ҳадафу мақсадҳои нопоки онҳоро бароварда кунанд. Ҳанӯз дар оғози Истиқлолияти давлатӣ саркардагони ин ҳизби террористӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азимеро оварданд, ки боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор одамон гардид. Кишварро харобу валангор намуда, давлатро дар садади нобудӣ қарор доданд. Барои ин гурӯҳ на истиқлолият, на давлат ва на миллат арзиш надоранд. Барои инҳо танҳо як арзиш - ба нархи ҷони дигарҳо ва ба нархи давлату миллат ба даст овардани сармоя ва иҷро кардани ҳадафҳои сармоягузор аст. Ҳарчанд дар расонаҳои хеш ин гурӯҳ даъво доранд, ки гӯё инсонҳои озода ва аз ҳеҷ кас вобаста нестанд ва танҳо ба хотири дифоъ аз арзишҳои миллӣ корҳоеро анҷом медиҳанд, аммо ин танҳо сароб, дурӯғ ва тавтеа асту бас. Пушти даъвои ҳангомаҳои ин гурӯҳи сайёд пулу манфиатҳои бегона қарор мегирад.
Дастандаркорони фирории ҳизби террористӣ ва мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ, ки дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан, тариқи роҳандозии хабару мақолоти муғризона сиёҳ кардани давлату миллати тоҷикро ҳадафи хеш қарор додаанд. Онҳо тариқи пахши ахбори муғризона худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат намоиш медиҳанд. Ҳол он ки воқеияти талхи рӯзгори ахир нишон додааст, ки вопасгароии ҷомеа ва таассубу хурофотзадагии он аз назариёти ақибафтодаи онҳо маншаъ мегирад. Наҳзатиҳо даъво доранд, ки ҳизбашон аз солҳои 70 - уми қарни гузашта ба фаъолият шурӯъ намуда, дар солҳои 90 - уми асри гузашта, яъне ҳанӯз дар замони побарҷо будани Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси ҳизби сиёсии динии расмӣ пазируфта шудааст. Агар ба воқеияти ҳамин аснод такя кунем, воқеан сабаби таассубзадаву хурофотӣ шудани ҷомеа аз солҳои бозсозии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ гардида, дар аввали солҳои истиқлол бархӯрди шадиди ақидатӣ мунҷар ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Яъне, ин ташаккулаи сиёсӣ азбаски дар Тоҷикистон, ки нуқтаи осебпазири Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва бо кишварҳои мусалмоннишине аз қабили Афғонистон ҳаммарз буд, хадамоти ҷосусии хориҷӣ бо назардошти манофеи хеш тавонистанд ҳамин гуна ташаккули сиёсию мазҳабиро бо роҳи мағзшӯӣ ва маблағгузорӣ ба вуҷуд оваранд. Чун дар дигар минтақаҳои мусалмоннишини шӯравӣ чунин навъи ҳизб вуҷуд надошт, дар онҳо ҷанги шаҳрвандӣ низ ба вуқӯъ напайваст. Даъвогарони имрӯзаи фирорие, ки дар хориҷи кишвар ба суди бегонагон фаъолият менамоянд, оё ба худ суол мекарда бошанд, ки омили аслии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – уми асри гузашта маҳз онҳо буданд.
Ҳамчунин, шикастан ва ба тороҷ рафтани сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ба ғорати фарогир табдил ёфтани кишвар аз «баракати» ҷанги роҳандозинамудаи онҳо ва хоҷагони хориҷиашон будааст. Имрӯз даъвои онҳо оид ба ягона ҳизби динии дар охирин марҳилаи вуҷуди шӯравӣ ба тарзи расмӣ ва қонунӣ амалкунанда будани ҲНИ суоли дигареро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меорад, ки чаро ҷанги шаҳрвандӣ дар дигар манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бо чунин тарз ба вуқӯъ напайваст? Зеро дар онҳо чунин навъи ҳизб, ки хусусияти террористию экстремистӣ дошта даст ба силоҳу қатли ом занад ва миллати хешро ба кофиру муслим ҷудо намояд, вуҷуд надошт.
Ҳанӯз дар оғози истиқлолият ин гурӯҳи хоину беномус ба ҷойи ҳимоят аз истиқлолияти сиёсии кишвар ва соҳибӣ кардани мероси аз шӯравии собиқ бозмонда мардуми ноогоҳро аз минтақаҳо ба пойтахти кишвар кашонданд. Мардуми аз сиёсат дурро бо роҳи мағзшӯӣ ва ваъдаҳои осмонӣ аз деҳоту минтақаҳо ба майдонҳои сиёсӣ оварданд. Ҳадаф як буд, яъне бо ҳар роҳе, ки набошад, расидан ба қудрат. Воқеияти солҳои навадум бозгӯи онанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз шеваҳои мухталифи муборизаи хашин истифода намуда, тамоми неруҳои демократии вақтро бо мақсади ҳадафҳои сиёсӣ истифода карда, дар нимароҳ онҳоро тарк ва ба гирдоби фалокат партоб кард. Мисоли равшани онро метавон дар муносибати хунсардонаи ҳизби мазкур бо неруҳои сиёсии он замон, аз қабили ҳизби демократӣ, созмони мардумии «Растохез» ва соири иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ёдовар шуд, ки ҳарчанд идеяҳои хубу созанда ҳам доштанд, вале аз ҷониби сиёсатҳои хашин ва худхоҳонаи сарони вақти ТТЭ ҲНИ нодида гирифта, баръакс, ба ҳошия ронда шуданд. Чунин навъи бархӯрд, пеш аз ҳама, аз сиёсӣ кардани имону эътиқод сарчашма мегирад.
Агарчи зоҳиран роҳбарияти ин ташаккулаи террористӣ вонамуд менамоянд, ки гӯё дар расидан ба истиқлолият саҳми арзандае дошта бошанд, вале ин фиреби назаре беш нест, зеро онҳо ба хотири ба қудрат расидан аз дуруштарин ва ноҷавонмардонатарин шеваҳо истифода намуда, аз се методи хатарбори миллаткуш истифода намудаанд, ки яке аз он ба тарзи густурда ҷудоиандозӣ дар байни минтақаҳои кишвар буд. Тавассути ин шева омили маҳалро дар манотиқи кишвар мутлақ намуда, мардумони ҳар водиро ба муқобили ҳамдигар гузоштанд, ки сабаби кушта шудани ҳазорон нафар ва кинаву кудурати маҳаллӣ дар минтақаҳои кишвар гардид. Шеваи дигар, аз арзишҳои исломӣ истифода намуда, барчаспи «кофир» - ро бар алайҳи нафароне, ки ақидаи вопасгарову вайронгари онҳоро қабул надоштанд ва рӯҳияи секулор доштанд, махсусан, нисбат ба омӯзгорону табибон ва дигар қишри рӯшангари ҷомеа истифода намуданд. Ноҷавонмардони фошистмаоби наҳзатӣ фатвои қатли «кофар» - ро ба зердастони аз хирад дури хеш ҳукм карданд ва ҳазорон нафар мардуми мусалмони кишварро бо ин «ҷурм» ба қатл расонданд. Шеваи савуми фаслкунандаи ин палидон миллатҳои ғайри тоҷик буд, ки сабабгори қатли бархе аз ақаллиятҳои миллӣ гардид. Ин даҳшат то ҷойе муассир буд, ки дар як муддати кӯтоҳ миллатҳои аврупоии сокини Тоҷикистон, кишварро ба тарзи дастаҷамъона тарк карданд ва барои қисмате аз онҳо танҳо солим берун бурдани ҷони худ муҳим буд, на молу ашёи дигар. Аз тарафи дигар, ҳамин тарзи дастаҷамъона тарк кардани миллатҳои аврупоӣ таносуби гуногунии тамаддунии пойтахти кишварро халалдор намуд.
Шеваҳои истифоданамудаи ин ташаккулаи террористӣ на танҳо истиқлолият, балки вуҷуди миллат ва кишварро ба ҳайси як қаламрави воҳид зери савол бурда буд. Аз ин рӯ, ҳар даъвое агар ин гурӯҳҳои худбохтаи беҳувият пеш меоваранд, танҳо ҳарфи популистие беш нест. Онҳо аз ҳар чизе манфиат мехоҳанд, на чизи дигар. Ин ташаккула аз бунёд зиддимиллӣ, зиддимардумӣ, вопасгарову хурофотзада буд ва дар тӯли таърихи мавҷудияти худ ҳеҷ амали хуберо дар қиболи миллату давлат анҷом надодааст. Аз ин тӯдаи худбохтаи беҳувияти пастфитрат танҳо зиллату бадбахтӣ ва сарафкандагӣ бар миллат расидааст. Лиҳозо ин ташаккулаи террористӣ на танҳо дар истиқлолият саҳмгир нест, балки тамоми аъмоли он зидди Истиқлолияти миллӣ ва давлати миллӣ аст.
Эҳсони ИЛҲОМ
Бознашр аз сомонаи «Ҷумҳурият»




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика