Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омилҳои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротиро решакан бояд кард

194Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё ва ҷавонони кишвар дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст. Яке аз чунин ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодҳои динии амалкунанда, ки имрӯз аз ҷониби аксар давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро дорад, ин сепаратизм, радикализм, фундаментализм, экстремизм ва терроризми бо ном «Давлати исломӣ» (ИГИЛ) мебошад, ки дар ҷаҳони муосир имрӯз ҳамчун равияҳои тундрав шинохта шудаанд. 

Аслан сепаратизм ба фаъолияти халқҳои алоҳида алоқаманд буда, тавассути ғояи содир кардани ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар амал тадбиқ мегардад. Радикализм танҳо ба воситаи созмон додани иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва ангезаҳои сиёсӣ ба мубориза бармехезад. Фундаментализм бошад, тавассути фаъолияти ташкилотҳои динӣ оид ба нигоҳ доштан ва тарғибу ташвиқи ҷараёнҳои гуногуни динҳои дунявӣ алоқаманд мебошанд. Мисоли оддӣ, ин фундаменталистҳои дини ислом ба ҳисоб рафта метавонанд, ки аксари ҷавонони имрӯзаи моро бо сабабҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҳамзамон бемаҳдуд машғул гардидани ҷавонон ба шабакаҳои интернетӣ ва аз тарбия дур гардидани волидон, оила ва ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки бархе ҷавонони моро ба доми худ кашида, шомили ҳар гуна ҳаракату созмонҳои экстремистиву террористии зерин мегарданд:
Ибораи “радикализм” (аз лотинӣ radix-решагӣ) маънои ҷараёнеро дорост, ки пайравони он ба амал баровардани ислоҳоти қатъиро талаб менамоянд. Баъдтар баробари тағйир ёфтани режимҳои сиёсӣ аввалан дар ғарб ибораи мазкур ба маънои манфӣ ба сифати синоними “экстремизм” нисбат ба ҳама қувваҳои сиёсӣ истифода бурда мешуд.
Радикализм ин кӯшиши расонидани ақидахои сиёсӣ ё дилхоҳ ақидаҳои дигар то ба сатҳи охирини мантиқӣ ва амалии он мебошад, ки ба баҳсу исбот ниёз надорад. Шахсе, ки ба ин падида дучор мегардад, метавонад бешак амалиётҳои ифродгароёнаро содир намояд. Радикализмро метавон ба ду намуд тақсим намуд: радикализми динӣ (исломӣ) ва радикализми дунявӣ. Ба қатори радикализми динӣ шахсоне дохил мешаванд, ки фикру ақидаи онҳо дар доираи арзишҳо ва муқаддасоти динӣ маҳдуд гардида, онҳоро аз арзишҳои дигар баланд мешуморанд. Ин боиси он мегардад, ки аз ҷониби радикалистҳои динӣ қонуну қоидаҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои дигарон поймол гарданд. Гурӯҳи радикалҳои дунявӣ бошад, касро ба мубориза бар зидди исломгароии ҷомеа даъват менамоянд.
Ифротгароӣ ин идеологияи зарурияти истифодаи чораҳои ниҳоӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои мақсаднок мебошад.
Мутобиқи моддаи 1 Конвенсияи Шанхай оид ба терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15 июни соли 2001, ки аз ҷониби Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон, инчунин Тоҷикистон ба имзо расидааст, экстремизм - дилхоҳ амале мебошад, ки ба ғасби таҷовузкоронаи ҳокимият, дигаргун сохтани сохтори конститутсионии давлат, инчунин сӯйиқасд ба амнияти ҷамъиятӣ, ташкил намудани созмонҳои ғайриқонунии мусаллаҳона бо мақсадҳои фавқуззикр ё иштирок дар онҳо ва ғайра равона гардидааст ва тибқи қонунгузории миллии ҷонибҳо муайян шудааст.
Экстремизм - ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад. Аслан зуҳуроти эксремистӣ дар заминаи бадбинии сиёсӣ, идеологӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ низ ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Аз нигоҳи этимология экстремизм аз калимаи лотинӣ, extremus-ҳадди охирин гирифта шуда - тарафдори ақидаҳои қатъии сиёсӣ буданро дорад. Аз нуқтаи назари дигар ин мафҳум на танҳо дар сиёсат, балки дар ҳама гуна соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ки дар он ҷо нуқтаи назари манфиатҳои ба ҳам мухолиф ҷой доранд, арзи ҳастӣ менамояд. Фаъолияти ташкилотҳои мазкур асосан ба паҳн намудани маводҳои интишорӣ, кино ё сабти видео ва нашри адабиёти экстремистӣ бо мақсади ташвиқи андешаҳои ботили зидди давлатӣ равона карда шудааст, ки зарари аз ҳама бештарро дар ҷомеа гуруҳҳои осебпазири он, яъне ҷавонон аз сабаби паст будани сатҳи дониш, надоштани хатту савод, набудани таҷриба ва алоқа дар байни оила, ҷомеа ва падару модарон ба худ қабул менамоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки субъектони иттиҳодияи мазкур аслан тавассути зӯрӣ ё бе истифодаи он метавонанд, таъсири худро ба объекти таҷовузшаванда расонанд. Мисоли оддии он ба миён овардани даъват ҷиҳати баромадан аз ҳайати давлати бисёрмиллат ба тариқи осоишта ва ё зӯран сарнагун кардани он. Аз мисоли овардашуда пай бурдан мумкин аст, ки экстремизм аслан дар ду шакл бо истифодаи зӯроварӣ ва бе истифодаи зӯроварӣ фаъолият карда метавонад.
Як қатор нишондиҳандаҳое мавҷуданд, ки ба ифротгароӣ оварда мерасонанд:
а) Идеология. Ба воситаи идеологияи устувор ва ҳаматарафа мураттабгардидаи худ гуруҳҳо ва созмонҳои ифротӣ ба шуур ва ақоиди ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки аз ҳама насли бетаҷриба ва осебпазир мебошанд, таъсир расонида онҳоро ба амалҳои ифротӣ ҷалб менамоянд. Идеология аз ҳама усули паҳншуда ва муваффақи гурӯҳҳои ифротӣ мебошад, ки инсонро ба зудӣ ба гумроҳӣ оварда мерасонад.
б) Стагнатсия. Стагнатсия, яъне бефаъолиятӣ ва ё шахшавӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон мебошад, ки онро ба фикру ақидаҳои гуногуни номатлуб дучор мегардонад. Имрӯз дар замони иттилоотӣ ва технология ҷавононе ҳастанд, ки тамоми рӯз бо интернет машғул буда, ба ҷуз он ба амал ё кори дигаре банд намегарданд.
в) Ишқи бардурӯғ. Гуруҳҳо ва созмонҳои ифротгаро махсусан ДИИШ усули нави ба ифротгароӣ ҷалб намудани ҷавононро пеш гирифтаанд, ки он ба воситаи як гурӯҳ духтарони ба он созмони экстремистӣ тааллуқдошта амалӣ мегарданд. Духтарони ифротгаро ҷавонмардонро ба доми ишқи бардурӯғи худ афтонда, онҳоро то ба қаламрави ДИИШ бо истифода аз фиребу найранг ва ваъдаҳои дурӯғин бурда, худашон ғайб мезананд.
Дар назари аввал пайравони ин ҳаракатҳо аз боқии мусалмонон бо ҳаракоти зоҳирӣ фарқият надоранд, аммо ҳаракатҳои пинҳонии нопоки онҳо баъзе мусалмонон, аз ҷумла бархе ҷавононро ба гумроҳӣ андохтааст. Бештар ҷавононро бо ҳар гуна фиребу найранг бо ин равияҳои номатлуб ҳамроҳ месозанд. Рӯҳониёни расмӣ мегӯянд, дар асл фарқҳо хеле амиқтар ва хатарноктар аз онаст, ки дар нигоҳи аввал аз ҷониби ин гурӯҳҳои номатлуб ба назар менамоянд. Ин ҳизбу харакатҳои ифротгаро, бисёртар ҷавононро, ки нерӯи тавонои давлату миллат ва парчамбардори меҳани хеш ҳастанд, ба худ ҷалб мекунанд, ба хотири он, ки ҷавонон аз мақсадҳои нопоки онҳо бехабар буда, гумон мекунанд, ки маблағҳои муфт ба даст меоранд ё ба қавли онҳо дар роҳи ҳақ шаҳид мегарданд ва онҳо худро муборизони ислом мегӯянд, лекин ин дурӯғи маҳз аст. Исломи муқаддас барои ҳимоя ба касе эҳтиёҷ надорад. Онҳо аз номи поки ислом истифода намуда, бо хоҷаҳои хориҷии худ мехоҳанд ваҳдати динии сиёсӣ ва сохти конститутсиониро халалдор кунанд. Албатта, ҷавонон табъан навхоҳу навҷӯянд ва табиист, ки бештар аз ҳар қишри дигари ҷомеа худдорӣ намуда, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ майл пайдо мекарданд. Саволе ба миён меояд, чӣ ҷавононро ба шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ маҷбур мекунад ва ё худ чӣ шириние ҳаст дар ин ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро, ки ҷавонон ба он пайваст шуда истодаанд? Аммо таҳлилгарона мегӯем, ки омилҳои шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ ин надоштани саводи кофӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ва моил шудан ба фиреби наҳангҳои дохилӣ ва хоҷаҳои хориҷӣ мебошад. Бархе ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд бештар ба доми фиреби ин ҳизбу ҳаракатҳои нопок афтода ба давлатҳои Ироқу Шом интиқол дода мешаванд, ки боиси ҳалок шудани онҳо мегардад.
Омили дигар бевосита ин паҳнои интернетист. Маҳз аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники”, “Фейсбук» ва амсоли ин метавон ба осонӣ оид ба Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва марому мақсади он ошно шуд. Мубаллиғони иттиҳодияҳои террористӣ паҳнои интернетиро ба беҳтарин усули таблиғи ҷавонон табдил додаанд. Дар баробари онҳо мо бояд идеологияи миллӣ ва ҳисси ватандӯстиро дар байни ҷавонон баланд бардошта, тадбирҳои судманд роҳандозӣ намоем. Омили дигар ин, анъана ва суннати бегонапарастӣ мебошад, ки имрӯз ба ҷомеаи навин ворид гаштааст, ин ҳам бошад фаромӯшӣ аз фарҳангу ниёгони мо дарак медиҳад. Имрӯзҳо бархе аз ҷавонон тақлид аз расму русуми бегона мекунанд, ки боиси таассуф аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста таъкид ба амал меоранд, ки фарҳанги бегонаро паҳн накунед, фарҳанги миллии тоҷикиро баланд бардошта истифода намоед, чунки мо тоҷикон аз азал мардуми бофарҳангем.
Дар охир ба ҳамаи ҳамватанон, аз ҷумла ҷавонон, ки нерӯи тавонои давлату миллат мебошанд даъват ба амал оварда, изҳор менамоем, ки сулҳу субот, оромии кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, инчунин сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар фазои тинҷию амонӣ зиндагӣ, кор ва фаъолият намоем. Ғояҳои сулҳовару сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ намуда, онро бегазанд ба наслҳои оянда интиқол дода, рисолати инсонии хешро ба ҷо орем.
Ҳайдарзода Ш.Ҳ., сардори факултети №5 Академияи ВКД, н.и.педагогӣ, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика