Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳодисаҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми марти соли 2018, дар дохили бозори ноҳияи Шаҳритуз шахсони номаълум аз ҷайбаш 9990-сомониро дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 248 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд.
Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб марди 27-солаи сокини кӯчаи Чармгарони поёни шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми марти соли равон, шахсони номаълум бо тариқи шикастани қулфи дари ошхонааш, воқеъ дар кӯчаи С.Сафарови ҳамин шаҳр, ки тирезаҳояш панҷараи оҳанин ва камераи мушоҳидавӣ дорад, ворид шуда, аз он ҷо 3000-сомонӣ, 1-адад телевизори тамғаи “LJ” ва 1-адад базаи камераҳои мушоҳидавӣ, ки арзишашон 5000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини кӯчаи Чармгарони поён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣдастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ оид ба далели дуздӣ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 36-солаи сокини кӯчаи Навободи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 17-уми октябри соли 2017, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 6000-сомонӣ ва 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг”, ҷамъ ба маблағи 11000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар марди 23-сола ва 34-солаи сокинони шаҳри Душанберо бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Рӯйдодҳо

  • Ташкили барномаи фарҳангии политсияи шаҳри Нанкин барои ҳайати расмии милитсияи ....

    Дар доираи анҷоми сафари расмӣ бо ташаббуси Департаменти бехатарии ҷамъиятии ....

    19.06.2018 17:07
  • Мулоқоти судманд бо роҳбарияти Идораи бехатарии ҷамъиятии музофоти Тсзян Су

    Рӯзи 15-уми июни соли равон ҳайати расмии намояндагони Раёсати ВКД ....

    19.06.2018 16:54
  • Боздид аз қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси шаҳри Нанкин

    Дар доираи сафари расмӣ намояндагони милитсияи шаҳри Душанбе ба қароргоҳи ....

    19.06.2018 16:48
  • Боздид аз Маркази идоракунии Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин

    Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳайати намояндагони ....

    19.06.2018 16:42
  • Сафари расмии кормандони милитсияи пойтахт ба Ҷумҳурии мардумии Чин

    Сиёсати хориҷии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ....

    19.06.2018 16:36
  • Қатли ҳамсар дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ марди 42-солаи сокини ....

    19.06.2018 08:43
  • Авбошӣ аз сабаби хусумати шахсӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи ....

    19.06.2018 08:37
  • Боздошти ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

      Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, ....

    19.06.2018 08:36
  • Тақаллуб ва фиребкорӣ

    Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Хуросон марди 56-солаи сокини ....

    19.06.2018 08:29
  • Гирифтани маблағ бо баҳонаи тиҷорат

    Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 33-солаи ....

    19.06.2018 08:27
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Э Ъ Л О Н !!!

    Бо мақсади баланд бардоштани рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, пешгирӣ аз ....

    18.06.2018 11:23
  • Эълон!!!

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    11.06.2018 17:06
  • Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои ....

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи сокинони шаҳру ноҳияҳои ....

    05.06.2018 09:41
  • Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон

    Рӯзи 1 июни соли 2018, соати 16:00, бахшида ба Рӯзи ....

    31.05.2018 21:25
  • Эълон: Амалиёти «Бачаҳо»

     Аз 31 май то 10 июни соли 2018, дар қаламрави ....

    31.05.2018 14:23
  • Озмун дар бораи вазифаҳои холӣ

    САҲА Номгӯи эълон дар бораи вазифаҳои холӣ: 1 мутахассиси байналмилалӣ (дар ....

    18.05.2018 14:29
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо рӯҳониён аз он ҷавонони қазоқ, ки риш мондаву шими почааш кӯтоҳ мепӯшанд, ва ҳам аз духтароне, ки ҳиҷоби сиёҳ ба тан мекунанд, ба шиддат интиқод кард ва гуфт, дар Қазоқистон ба ин бегонапарастӣ роҳ нахоҳад дод.Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 апрел дар мулоқот бо раҳбарони муфтиёт ва имом-хатибон ба масоили, ба ибораи ӯ, "бесаводии динии насли ҷавон” дахл кард ва гуфт, "бисёре ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика