Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани қаллобзанон аз ҷониби кормандони милитсия

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2014, зани 40-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 8000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Бо ҳамин мазмун ба Шуъбаи мазкур зани 39-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2014, зани дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 8000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 56-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки санаи 14-уми декабри соли 2010, зани 54-солаи сокини кӯчаи Испечаки пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5000 доллари амрикоӣ бо пули миллӣ 22 ҳазору 350-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Занони гумонбар дар қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика