Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳалокати ронанда ва мусофирон дар садамаи нақлиётӣ

11.11.с.2017, тахминан соати 08:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-5511”, Қосимов Саидхуҷа Муслиҳиддинович, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Чанху”, таҳти идораи ронанда Мирзомуддинов Давлат Сафарович, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Бохтариён, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху” ва мусофираш Азимов Муҳаббатшо Суҳробович, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти зикргардида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Пармонқулова Наргис Болтабоевна, соли таваллудаш 1984, Салимова Муродгул Шамсуллоевна, соли таваллудаш 1966, Муҳсиддинова Сабоҳат Табаралиевна, соли таваллудаш 1986, Норова Хайриниссо Бойтуллоевна, соли таваллудаш 1953, Юлчиева Турсуной Шодиевна, соли таваллудаш 1958 ва набераи хурдсолаш, Юлчибоев Муслиҳиддин Ҳусниддинович, соли таваллудаш 2010, сокинони ноҳияи Бохтар, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона, баъди якчанд соат дар беморхона шаҳрвандон Пармонқулова Н. Б. ва Салимова М. Ш. ба ҳалокат расидаанд.
Айни замон таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Рӯйдодҳо

  • Барнагардонидани маблағҳои қарзӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза зани 44-солаи сокини ....

    20.10.2018 08:30
  • Қаллобӣ бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: ....

    20.10.2018 08:28
  • 36 ҳолати ҷинояти дуздӣ бо зарари 300 ҳазор сомонӣ

    Вақтҳои охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи ....

    19.10.2018 10:58
  • Пешгирии оворагардии ноболиғон аз ҷониби кормандони милитсия

    Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию ....

    19.10.2018 10:55
  • Дуздии молу ашё ва таҷҳизоти хона

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 30-солаи сокини кӯчаи Айнӣ ....

    19.10.2018 08:54
  • Баррасии ҳолатҳои қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи ....

    19.10.2018 08:51
  • Бархӯрдани автомашина ба девори истгоҳ

    Рӯзи 18-уми октябри соли 2018, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи ....

    19.10.2018 08:49
  • Вохӯрии кормандони милитсия бо хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт

    Рӯзи 18-уми октябри соли 2018 дар доираи нақша-чорабинӣ ва фармони ....

    18.10.2018 16:34
  • Дуздии ноқилҳои алоқа

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб мактуби роҳбарияти Филиали ҶСК “Тоҷиктелеком”-и ....

    18.10.2018 08:54
  • Лату кӯби ҳамсар аз сабаби муноқишаи оилавӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи ....

    17.10.2018 09:07
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ....

    25.09.2018 14:20
  • 05.09.2018 09:56
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    27.08.2018 12:57
  • Муроҷиат ба мардум дар рӯзи Иди саиди Қурбон

    Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ....

    20.08.2018 10:55
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъсиси қабули «муроҷиати электронӣ» ....

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    14.08.2018 16:49
  • Эълони озмун барои қабули омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қабули омӯзгорони ботаҷрибаи ....

    09.08.2018 16:55
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика