Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дар Истаравшан 6 нафар дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид

20-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 12:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Юсуфов Наимҷон Мирсаъдиевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ҳангоми ба сабқат баромадани автомашинаи газкашони тамғаи “Чанган”, таҳти идораи Ниматов Сайдаҳмад Саидҷаъфарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Фархор, ба автомашинаи самти муқобили ҳаракат омада истодаи тамғаи “Либеро”, таҳти идораи Улмасов Рустам Раҳматович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, бархӯрдааст. 

Баъдан, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанган” Ниматов С. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар он Усмонов Фахриддин Аҳмадович, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Истаравшан савора буд, пахш намуда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Либеро” Улмасов Р., ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Юсуфов Н. ва мусофирони дохили автомашина тамғаи “Опел-Зефира” Абдураҳмонова Муҳаррам Бобоевна, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, Сатторова Муътабар Бобоевна, соли таваллудаш 1975, шаҳри Бӯстон, Иззатова Руқиямоҳ Ҳукуматуллоевна, соли таваллудаш 1963, сокини ш.Душанбе ва савораи харароба, Усмонов Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”: Эсоев Собит, соли таваллудаш 1958, сокини ш.Душанбе, Ҳасанова Малоҳат Бобоевна, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, Убайдуллоева Ойбону, соли таваллудаш 1963, сокини н.Б.Ғафуров, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Либеро” Муллоев Даврон Бурҳонович, соли таваллудаш 1961, сокини н.Ҷ.Расулов ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанган” Ниматов С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Рӯйдодҳо

  • Оқибати нохуши ҷангу ҷанҷол дар ҳолати мастӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи ....

    17.12.2018 09:39
  • Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    17.12.2018 09:36
  • Садамаи нохуши нақлиётӣ дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”

    Рӯзи 16-уми декабри соли 2018, тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    17.12.2018 09:31
  • Изҳори нигаронӣ аз ҷинояткории донишҷӯён

    Рӯзи 14-уми декабри соли 2018 дар Донишгоҳи славянии Россия ва ....

    15.12.2018 09:36
  • Конференсияи илмӣ-амалӣ дар РВКД вилояти Хатлон

    Рӯзи 14-уми декабри 2018 дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ....

    15.12.2018 08:52
  • Бо роҳи фиреб гирифтани автомашинаи тамғаи “БМВ-730”

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини ....

    15.12.2018 08:42
  • Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 4 ҳазор маводи тарфгарӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ....

    15.12.2018 08:40
  • Ҳалокати пиёдагарди хурдсол дар садамаи нақлиётӣ

    Рӯзи 13-уми декабри соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    15.12.2018 08:37
  • Раддия ба маълумоти нодуруст

    Вобаста ба хабари дар сомонаи «Радиои Озодӣ " таҳти унвони ....

    14.12.2018 17:28
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба марг анҷомид

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри ....

    14.12.2018 08:46
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон !

    Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати ....

    10.12.2018 11:19
  • Эълон!!!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ....

    30.11.2018 15:55
  • Эълони Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    24.11.2018 09:40
  • Эълон!

    Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ....

    25.09.2018 14:20
  • 05.09.2018 09:56
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    27.08.2018 12:57
  • Навигариҳо

    
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика