Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маблағҳои бо роҳи қаллобӣ бадастомада

 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2011 марди 55-солаи сокини пойтахт ба бовариаш даромада, аз ӯ 9 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Бо чунин мазмун, зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ арз намудааст, ки аз моҳи сентябри соли 2016 инҷониб, зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе 5 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, барнамегардонад.
Марди 44-солаи сокини шаҳри Ҳисор соли 2013 аз зани 46-солаи сокини ҳамин шаҳр барои тиҷорат гуён 11 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, бозпас нагардонидааст, ки боиси муроҷиат ба мақомоти милитсия гардидааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 57-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қаллобӣ дастгир гардид. Гумонбаршуда, моҳи октябри соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, барои ҷудо намудани 0,04-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ 6 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика