Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба доми қаллобон афтодани шаҳрвандон

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 24-уми майи соли 2016 зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб 72 ҳазор сомониашро гирифта, барнамегардонад. 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 37-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда, аз соли 2016 то моҳи феврали соли 2017 ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, аз ӯ 49 ҳазору 200 доллари амрикоӣ, аз марди 37-солаи сокини шаҳри Бӯстон 5 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор доллари амрикоӣ, инчунин соли 2016 аз марди 29-солаи сокини шаҳри Бӯстон 12 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ба ин монанд, марди 49-солаи сокини шаҳри Ҳисор барои даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ дастгир гардид. Гумонбаршуда, бо сӯиистифода аз боварӣ, аз марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, бозпас намегардонад.
Ҳамчунин, оиди қаллобӣ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби зани 44-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ариза ворид гардид, ки соли 2012 марди 54-сола, зани 49-сола ва марди 24-солаи сокинони шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ 201 ҳазор сомониро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидаанд.
Аз рӯи далелҳои зикргардида парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад