Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Беэътиноии ронандагон ва марги панҷ нафар

13-уми майи соли 2017, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “ВЕНТА”, марди 26-солаи сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Тоҷикобод ба самти ноҳияи Рашт, дар километри 162-юми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106” таҳти идораи ронанда, марди 26-солаи сокини ноҳияи Рашт бархурдааст. 

Дар натиҷаи ин бархурд, ронандаи мототсикл ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
14-уми майи соли 2017, тахминан соати 13:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», марди 56-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Фархор, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ велосипедрон, писарбачаи 12-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст.
Бо рух додани ин садамаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона ноболиғ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ин рӯз, тахминан соати 00:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-3102”, марди 32-солаи сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Искодар-Хушекат”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 180-200 метр чаппа шудааст. Дар натиҷаи рӯй додани чунин ҳодисаи нохуш, худи ронанда ва мусофири он, марди 36-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
14-уми майи соли 2017, тахминан соати 11:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрон, марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Мутассифона, аз беэътиноии ронанда, велосипедрон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодисаҳо идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад