Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Беҳтарин кормандони оперативӣ муайян ва қадрдонӣ гардиданд

47

Рӯзи 9-уми апрели соли 2019 дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-полковник Саймумин Ятимов ва ҳайати шахсии сохторҳои ҳарду ҷониб ширкат намуданд.

Дар оғози баргузории озмун Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, иброз намуд, ки яке аз самтҳои хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраҳои пеш вобаста ба ин самт дар ҷумҳурӣ ягон намуди адабиёту нашрияҳои махсуси алоҳида набуд ва барои омӯхтани он мактабҳои олӣ низ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надошт. Барои тайёр намудани кадрҳо дар ин соҳа аз сохторҳои мо ба ҷумҳуриҳои дигар сафарбар мегардиданд. Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷумҳуриҳои пешқадам ба ҳисоб меравад.

48505152

Бинобар ин, гузаронидани чунин озмунҳо, конфренсияҳою чорабиниҳои илмию амалӣ дар ин соҳа, пеш аз ҳама, дар баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ҳамкорӣ дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои бадӯшдоштаи ҳамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамояд. Махсусан, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти таҳдидҳои терроризму экстремизм, маводи мухаддиру силоҳ вазифаҳои ниҳоят муҳимро иҷро менамояд.
Дар идома Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-полковник Саймумин Ятимов иброз дошт, ки бо боварии комил гуфта метавонам, ки натиҷаи ин сабқат, пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ миёни ҳамдигар баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ободии кишварамон мебошад.
Дар ин озмун 20 нафар кормандони самти фаъолияти оперативӣ аз ВКД ва КДАМ иштирок намуданд.
Ҳамин тавр, ба ғолибони ҷойи аввал - корманди қатории КДАМ Наргис Раҷабова ва капитани милитсия Авазҷон Саидов ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Ғолибони ҷойи дуюм - корманди КДАМ прапоршик Беҳрӯз Воситов ва корманди ВКД капитани милитсия Анушервон Зоидзода бо 4 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гаштанд.

53545556

Ба соҳибони мақоми сеюм прапоршик Умаралии Файзалӣ аз КДАМ ва лейтенанти калони милитсия Довуд Сиҷоев аз ВКД 3 ҳазор сомонигӣ тақдим гардид.
Инчунин, иштирокчиёни фаъол барои хизматҳои софдилона, содиқона зоҳир намудани дониши баланди назариявӣ-амалӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, саҳми арзанда дар баргузории чорабинӣ, инчунин ишғол намудани ҷойҳои намоён дар озмуни самти «Фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ» бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Ҳамчунин, ба ду нафар парапоршик Турабой Давлатзода аз КДАМ ва лейтенанти милитсия Юсуф Шерализода нишони сарисинагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корманди беҳтарини оперативӣ» супорида шуданд.

57585960

Ба ин чорабинӣ саҳнаҳои театрикунонидашуда аз тарафи кормандони КДАМ ва ВКД, суруду таронаҳои ватандӯстона шукӯҳи дигар бахшид.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика