Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими бошукӯҳи кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ»

607

Рӯзи 2-юми феврали соли 2019 дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ маросими бошукӯҳи кушодашавии мусобиқаҳои васеи варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини самбо, шиноварӣ, шашкаю шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 баргузор гардид.

608609

Дар он намояндагони Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ниҳодҳои давлативу иҷтимоӣ ва варзишгарон иштирок намуданд.
Пас аз ба майдон баромадани дастаҳои иштирокчӣ, Суруди миллӣ садо дод.
Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом меҳмонон ва варзишгаронро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ хайрамақдам гуфта, барои ҷонибдорӣ ва иштирокашон изҳори сипос намуд.
Икром Умарзода дар баромади худ қайд кард, ки нақши варзиш дар солимии ҳаёти инсон, муттаҳидсозии қавму миллатҳо ва таҳкими сулҳ беш аз пеш эҳсос гардида, солҳост, ки он хусусияти байналмилаливу ҷаҳониро касб намудааст.
Баргузории чунин мусобиқаҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро иштироки фаъолонаи дастаҳои варзишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ, зери парчами варзишӣ сарҷамъ гаштани варзишгарону кормандони касбу кори гуногун худ нишони эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, азму иродаи дӯстию рафоқат, саҳмгузорӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ ва ба ин роҳ, нигоҳ доштани сулҳу субот ва оромӣ дар кишвари азизамон мебошад.

 617

Роҳбарияти ВКД дар партави амалисозии сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди варзиш, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим дар ҷомеа ва ба ин восита, пешгирии ҷинояткорию нашъамандӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Дар идомаи суханронии хеш муовини Вазир ба иштирокчиён барору комёбӣ ва сиҳатмандӣ таманно намуд.
Дар идома муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои таваҷҷуҳи бештарашон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миннатдорӣ баён намуда, ин иқдомро намунаи беҳтарини дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, дарёфти варзишгарони лаёқатманд, рушди тарбияи ҷисмонӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ миёни сохторҳои мухталифи ҷомеа арзёбӣ кард.
Ҳамзамон, дигар намояндагон низ ба роҳбарияти ВКД барои баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миннатдорӣ баён дошта, бо боварии том изҳор доштанд, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ кормандони ҷисман нерӯманд, ҷасур ва чусту чолок хизмат менамоянд ва вазифаҳои тахассусии худро дар сатҳи баланди касбӣ ба сомон расонида, баҳри ҳифзи марду буми Ватани маҳбубамон доимо омодаанд, ки иштироки фаъолонаашон дар ин сабқат гувоҳи равшани ин гуфтаҳо хоҳад буд.

619618

Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқаҳои кушоди варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини самбо, шиноварӣ, шашкаю шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корои дохилӣ» бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 зиёда аз 1 моҳ идома ёфта, ғолибон ва ҷоизадорон бо Ҷом, Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои кимматбаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика