Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3503 ва кормандони ДТММ дар шаҳри Бохтар

08

Рӯзи 24-уми январи соли 2019 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба вилояти Хатлон сафар намуда, аз қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қушунҳои дохилӣ ва Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар боздид ба амал овард.

Дар ҷараёни сафари хизматӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3503 ва кормандони ДТММ сӯҳбату вохӯриҳои судманд анҷом дода, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу эзоҳ дод.
Зикр гардид, ки муҳтавои Паём васеъ буда, яке аз бахшҳои умдаи Паёми имсола ин эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.

0910

Албатта, ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат роҳи ҷомеаро барои расидан ба зиндагии арзанда равшан намуд. Умед аст, ки рушди соҳаи деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ хоҳад гардид.
Дар Паёми имсола зикр гардидааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.
Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, хизмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз корҳои ободонию созандагӣ ва шароити хизматии афсарону сарбозон ва кормандони ДТММ ба масъулини соҳа ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика