Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз фаъолияти Осорхона ва РХДО ВКД дар шаҳри Душанбе

228

Имрӯз, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти корӣ аз Осорхонаи ВКД ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар шаҳри Душанбе дидан намуд.
Бояд тазаккур дод, ки симои Осорхонаи ВКД баъди таъмиру азнавсозӣ куллан тағйир ёфта, хеле тамошобоб гардидааст.
Мавриди қайд аст, ки аз Осорхонаи ВКД шумораи зиёди шаҳрвандон, меҳмонони хориҷӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактаббачагону донишҷӯён мунтазам дидан намуда, аз таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик аз наздик шинос мегарданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни азназаргузаронии лавҳаҳо барои дар оянда боз ҳам ҷолибтар гардидани онҳо ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

229

Қайд гардид, ки Осорхонаи ВКД таҷассумгари симои корнамоиҳои милитсия дар давраҳои гуногуни таърихӣ, алалхусус замони Истиқлолияти давлатӣ буда, он баёнгари дирӯз, имрӯз ва ояндаи мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Сипас, дар рафти боздид аз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар шаҳри Душанбе, Вазири корҳои дохилӣ зикр намуд, ки кормандони Хадамоти оташнишонӣ бояд ҳамеша дар ҳифзи моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсии шаҳрвандон аз сӯхтор омода буда, бештар корҳои профилактикиро ба роҳ монанд.

230231233

Роҳбарият ва кормандони Осорхона ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар шаҳри Душанбе, дастуру супоришҳои роҳбари аввали Вазорати корҳои дохилиро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани масъулият дар самти фаъолияти хизматӣ ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика