Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз корҳои азнавсозӣ ва ободонӣ дар вилояти Суғд

205

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳамроҳии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои азнавсозӣ ва ободонӣ дар Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд боздид ба амал оварданд.

206207208

Меҳмонон аз таъмиру таҷдид ва корҳои ободонӣ шинос гардида, ба шароитҳои омоданамуда барои кормандони милитсия баҳои баланд доданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар бинои маъмурии Шуъбаи мазкур, майдончаи варзишӣ, тамрингоҳ, ҳаммом, макони истироҳат ва хобгоҳ пурра азнавсозӣ шуда, кормандони милитсия бо шароити хуби хизматбарӣ таъмин гардидаанд.
Сипас Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси вилояти Суғд дар саҳни бинои Шуъбаи мазкур бо ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа вохӯрда, онҳоро бахшида ба ҷашнҳои фархундаи дар пешистода, «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи милитсия» табрику таҳният намуданд.
Зимни вохӯрӣ, Вазири корҳои дохилӣ ба роҳбарият ва ҳайати шахсии Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии қонуншиканӣ ва ҳама гуна таҳдид ва хатарҳои замони муосир фаъолияти хизматии хешро пурзӯр намуда, ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.

209210

Дар хотима, ба собиқадорони соҳа тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва оромиву осоиштагии сокинон бо насли ҷавони милитсия ҳамкорӣ намоянд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика