Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи шуъбачаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Исфара

198

Дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маросими ифтитоҳи шуъбачаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Исфараи Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси шаҳри Исфара ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

199200201

Мавриди қайд аст, ки шуъбачаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Исфара мутобиқ бо талаботи меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар он тамоми шароити хизматӣ муҳайё гардидааст.

202203

Шуъбачаи мазкур аз қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, ошхона ва толори варзишӣ иборат буда, ҷиҳати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҳамбастагию ҳамкорӣ бо мардум мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика