Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳавасманд намудани ҷавонон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ

 288 

Рӯзи 19-уми октябри соли равон дар толори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД бо ташаббуси Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ва сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор иштирок ва суханронӣ намуданд.

289

Чорабинии мазкурро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон оғоз намуда афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи аз худ намудани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳамаи баромаду вохӯриҳояшон таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд дар баробари забони модарии худ дигар забонҳои хориҷиро низ аз худ намоянд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи забономӯзии ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани муошират бо забонҳои хориҷӣ роҳбарияти ВКД пайваста чорабиниҳои гуногуни забономӯзиро миёни ҷавонон роҳандозӣ менамояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тайи чанд моҳи охир дар Вазорати корҳои дохилӣ курси омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шуд, ки дар он ҷавонони гурӯҳи «Авангард» ва курсантони Академия ВКД ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

290291

Дар идомаи чорабинӣ муаллимаи забони англисӣ Сабзакова Парвина аз номи Вазири корҳои дохилӣ бо «Ифтихорномаи фахрӣ» сарфароз гардонида шуд. Инчунин як гурӯҳ ҷавонони фаъол ва курсантони Академияи ВКД барои иштироки фаъолона дар курсҳои омӯзиши забони англисӣ, ишғол намудани ҷойҳои намунавӣ дар озмуни «Забономӯзӣ», нишон додани савияи баланди донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ, хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ бо «Сипоснома» ва «Раҳматнома»-ҳо қадрдонӣ карда шуданд.

292293

Дар хотима, барномаи консертӣ бо иштироки ситораҳои шинохта ва ҳунармандони ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба онҳо ғизои маънавӣ ва рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Абдулло Шоҳиён, Дилшод Холов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика