Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масъалаҳои муҳим дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҷаласаи Мушовараи якҷояи ВКД Тоҷикистону Россия

528

Рӯзи 16-уми октябри соли 2018, дар Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти кофтукови ҷинояткороне, ки аз тафтишот ва суд пинҳон шудаанд, инчунин мукаммал намудани ҳамкориҳои Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, зикр кард, ки ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам рушду такомул меёбанд.

515526527

Ин ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар ҷинояту ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Дар идомаи ҷаласаи Мушовараи якҷоя Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович баромад намуда, зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои муштаракро роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.

518516

Дар рафти ҷаласа сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Саидзода Шоҳрух ва сардори Сарраёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-лейтенанти политсия Голованов Виктор Владимирович баромад карда, оид ба ҳалли масъалаҳо дар самти кофтукови ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарор дошта таклифу пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Оид ба андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳои Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷират сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Абдуллозода Зумрад ва сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии ВКД Федератсияи Россия генерал-майори политсия Кириллова Олга Евгеневна муфассал баромад намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳо дар самти муҳоҷират ибрози андеша намуданд.
Дар рафти ҷаласаи Мушовараи якҷоя оид ба лоиҳаи Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Тоҷикистон полковники милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич баромад намуда, оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳозирин маълумот дод.
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Вазирони ҳарду кишвар Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

517

Дар интиҳои ҷаласа Вазирони ҳарду кишвар бо сухани хотимавӣ баромад намуда, аз натиҷаҳои ба дастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович ва муовинони Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия: генерал-полковники политсия Ваничкин Михаил Георгиевич, генерал-полковники политсия Гостев Аркадий Александрович, муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия - сардори Департаменти тафтишотии ВКД Россия генерал-лейтенанти адлия Романов Александр Владимирович, муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-майори политсия Шулика Виталий Дмитриевич, сардори Сарраёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Россия генерал-лейтенанти политсия Голованов Виктор Владимирович, сардори Департаменти таҳлилӣ-ташкилии ВКД Россия генерал-лейтенанти хизмати дохилӣ Горелов Александр Петрович ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

523

Бояд тазаккур дод, ки вазифаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия боз ҳам чуқуртар ва васеътар баррасӣ намудани масъалаҳои муҳим, ташкил намудани ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муайян намудани самтҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин андешидани чораҳои амалӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҳудуди ҳарду давлат мебошад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика