Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони озмун дар самти «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» муайян гардиданд

633

Бо мақсади баланд бардощтани дониши назариявии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 3-юми октябри соли 2018 бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро озмун дар самти «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» доир гардид. 

634637

Дар озмун 48 нафар кормандони оперативӣ ва дигар кормандони ҷузъу томҳои ВКД иштирок намуда, ба давраи дуюм 17-нафар роҳ ёфтанд. Давраи ниҳоии озмун дар толори маҷлисгоҳи ВКД бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД генерал-лейтенанти милитсия Сабзов Шералӣ, сардори РМЗҶМ ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, ҳайати шахсӣ ва дигар роҳбарони раёсатҳои дахлдори  Вазорат доир гардид.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом зимни суханронӣ ба довталабони озмун барору муваффақият таманно намуд. Сипас, 17-нафар ғолибони даври аввал дар назди ҳозирин ба саволномаҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Аз рӯи ҷавобҳои пешниҳодгардида ва баҳои додаи ҳайати ҳакамон корманди Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД капитани милитсяи Зоидзода Анушервон Додо ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид.

635636638

Ҷойи дуюм насиби корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Туйчиев Фаридун Шодиевич гардид.
Ба ҷойи сеюм корманди Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД лейтенанти калони милитсия Сиҷоев Довуд Саидович шарафёб гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолиби ҷойи аввал нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва маблағи пулии 4000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Ҷойи дуюм ба маблағи 3000 сомонӣ  ва ҷойи сеюм ба маблағи 2000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Абдуллозода Эҳсон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика