Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолиби озмуни «Китобхони беҳтарин» соҳиби 4 ҳазор сомонӣ гардид

619

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани маърифати касбии кормандони милитсия ва ҷалби онҳо ба мутолиаи асарҳои гуногуни илмию бадеӣ ва баланд бардоштани мавқеи суханварии онҳо миёни ҷомеа, дар байни ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ВКД озмуни ҷумҳуриявӣ вобаста ба асари «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ гузаронида шуд.
Рӯзи 2-юми октябр дар толори ВКД даври ҷамъбастии ин озмун гузаронида шуд ва дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом иштирок намуда, қайд кард, ки озмуни мазкур давоми як моҳ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва раёсату шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ доир карда шуд.

620621

Ҳамчунин, дар рафти баргузории ин озмун маълумот дар бораи зарурати омӯзиши асари «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ дода шуд. Гуфта шуд, ки асари «Марги судхӯр» ба ҳаёти гузаштаи тоинқилобии халқи тоҷик бахшида шуда, дар ин асар устод Айнӣ ба решаҳои пайдоиш ва инкишофи унсурҳои капиталистӣ, махсусан капитализми судхӯрӣ дар шаҳру деҳоти Осиёи Миёна муроҷиат карда, моҳияти дунёи муфтхӯрӣ ва истисморро боз амиқтар фош мекунад.
Нависанда дар ин повест ҳаҷву истеҳзоро то ба дараҷаҳои аълояш расонида, тавассути он ночизу ҳақгирии Қорӣ-Исматро собит кардааст. Ба туфайли ин номи ӯ бо санъаткорони ҷаҳонӣ дар як саф мавқеъ ёфта, образи эҷодкардааш аз ҷиҳати амиқию реалистиаш бо образҳои судхӯрон ва хасисони машҳури ҷаҳон (Гобсек, Плюшкин, Иуда Головёв ва дигарон) дар як қатор меистад. Дар маҷмӯъ, Садриддин Айнӣ дар саҳифаи таърихи адабиёти садаи ХХ-и тоҷик ба сифати чеҳраи фарҳангие, ки дар тамоми жанрҳои адабиёти бадеӣ - шеър, достон, мақола, очерк, ҳикоя, қисса повест, роман, асари ёддоштӣ эҷод кардааст, шинохта мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар озмуни мазкур зиёда аз 40 нафар китобхонҳо аз манотиқи гуногуни кишвар иштирок намуданд.
Озмун дар се давр гузаронида шуд, даври аввали он тестӣ буда, даври дуюм ба таври саволу ҷавоб, даври сеюм бошад, бо қироати бехатои як порчаи асари мазкур ва нишон додани маҳорати суханварию хотираи мустаҳками иштирокчӣ сурат гирифт.

622623

Ҳамин тавр, миёни иштирокчиён 9 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд, ки аз ин се нафарашон беҳтарин муайян гардиданд.
Ғолиби ҷойи аввали озмуни ҷумҳуриявӣ вобаста ба асари «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ нозири Шӯъбаи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд лейтенанти калони милитсия Зарнигор Абдуқаҳҳорзода, ҷойи дуюм ба омӯзгори калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД, майори милитсия Шоҳрух Аҳёзода ва ҷойи сеюмро нозир-ревизори шуъбаи нафақаи Раёсати молиявӣ-иқтисодии ВКД лейтенанти калони милитсия Замира Шарипова соҳиб гардид.

624625

Ғолибони озмунро Икром Умарзода аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои сазовор шуданашон ба ҷойҳои ифтихорӣ табрик намуда, қайд кард, ки чунин озмунҳо миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин, ғолибон бо туҳфаҳои пулӣ - барои ҷойи аввал 4 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 2 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика