Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт

193

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохта ба истифода додани майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки мутасаддӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро буд, тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ин майдончаи варзишӣ бо тамоми шароитҳо, имрӯз дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуд.

198

194

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро, Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Табарзода Ҷамшед, сардори Раёсати сохтмони асосии ВКД полковники милитсия Раҳмонзода Саиднақш Ҳаким, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ майори милитсия Қурбоналӣ Пулод, наврасону ҷавонон, сокинони маҳаллаи номбурда ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.

195196

Иштироки чунин намояндагони баландпоя дар ин чорабинӣ аз муҳимияти ин масъала ва таваҷҷӯҳу ғамхории махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Сохтани чунин майдончаҳои варзишӣ як иқдоми нек буда, метавонад аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатманд анҷом дода шавад. Он метавонад ба таъмини бехатарии мардум дар маҳалҳо мусодат намуда, наврасону ҷавононро аз машғул шудан ба оворагардӣ, даст задан ба амалҳои номатлуб ба монанди истеъмоли маводи мухаддир ва машрубот, шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ боздошта, онҳоро барои пешбурди тарзи ҳаёти солим водор намояд.

199200201

197

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амаликунандаи сиёсати дохилии давлат оид ба масъалаи таъмини бехатарии мардум, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамкории дастаҷамъона бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушду тарақиёти давлати соҳибистиқлол таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳар як иқдоми некро дар ин самт дастгирӣ менамояд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика