Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешбурди раванди ислоҳоти милитсия кори дастаҷамъона мебошад

456

Дар қисмати ҷамъбастии баргузории Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа» роҳбарон ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия аз РВКД дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, шаҳри Кулоб, ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар ноҳияҳо аз натиҷаҳои самараноки фаъолияти Шӯроҳо муфассал баромад намуданд.

457

Роҳбарон ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ барои ҳамаҷониба кумаку дастгирӣ ва таъмин намудан бо биноҳои наву ҳуҷраҳои кории Шӯроҳои ҷамъиятӣ, инчунин муҷаҳҳаз гардонидан бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти корбарӣ ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» арзи сипосу миннатдорӣ намуданд. 

458459

 

 

 

 

 

 

 

 

Намояндагони Шӯроҳои ҷамъиятӣ зимни суханронии худ аз пешравию дастовардҳои аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ, вохӯриву чорабиниҳои баргузоргардидаи аъзоёни шӯроҳо, бахусус дар маҳаллаҳои осебпазир миёни наврасону ҷавонон, ҳамкории зичу қавии ба роҳ мондаи нозирони минтақавӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро ва роҳу воситаҳое, ки бозҳам ҳамкории милитсияро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ қавитар менамоянд ибрози андеша намуда зикр карданд, ки пешбурди раванди ислоҳоти милитсия кори дастаҷамъона мебошад ва барои ба мақсад расидан аз як гиребон сар бароварда камари ҳиммат бандем. Инчунин аз ҷониби намояндагону аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баҳри вусъат бахшидан ба раванди самарабахши ислоҳоти милитсия як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

Раҷаббек Илёсов.

 

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика