Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

146

Имрӯз (31.07.с.2018), бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи мазкур Абдуғафорзода Нуъмон Абдуғафор, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва роҳбарони 43 ширкати сайёҳӣ ҷаласа баргузор гардид.

147148

Дар ҷаласа сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода А.Ҷ. баромад намуда, оид ба шуъбачаи сайёҳии милитсияи нав таъсисдодашуда дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД, вазифаҳои онҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон муфассал маълумот дод.
Зикр гардид, ки агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.

149

Мавриди қайд аст, ки шуъбачаи мазкур бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти корҳои дохилӣ нав таъсис ёфта, дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият менамояд. Кормандони шуъбачаи мазкур бо якчанд забони хориҷӣ озодона муошират намуда, мутахассиси соҳаи худ мебошанд.
Ширкатҳо аз вохӯрӣ бо сохтори навтаъсиси мақомоти корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки дар оянда ҳамкориро бо ин ниҳоди навтаъсис бениҳоят зич ба роҳ мемонанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика