Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳифзи молу ҷони мардум аз оташ

153

Имрӯз бахшида ба 90-умин солгарди рӯзи касбии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар Осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД чорабинии тантанавӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода, собиқадорони соҳа ва ҳайати шахсии ин ниҳод доир гардид.
Чорабинии тантанавиро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов оғоз намуда, ба муносибати 90-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандону собиқадорони соҳаро ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуд.

154

Зимни суханронии худ аз корнамоиву қаҳрамониҳои кормандони ниҳоди мазкур ва фаъолияти назарраси онҳо ибрози андеша намуда қайд кард, ки кормандони хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар тули фаъолияти худ содиқонаву софдилона ба давлату миллат ҳизмат намуда, баҳри волоияти қонун, ҳифзу таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, наҷоти ҷону молу мулки шаҳрвандон ва моликияти давлатӣ аз коми оташ кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов бори дигар ҳозиринро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ табрик намуда ба онҳо саломатӣ, хонаободӣ ва дар фаъолияти ҳамарӯзаашон муваффақият таманно намуд.

155

Дар идомаи чорабинӣ сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим тамоми ҳайати шахсии ХДО-ро бо рӯзи касбиашон табрику муборакбод гуфта иброз намуд, ки мо кормандони ХДО ВКД баҳри посдории оромиву осоиштагӣ хотирҷамъиву боамнии мардум ва ҳифзи ҷону молу мулки шаҳрвандон ҳамеша омода ҳастем. Ҳар як корманди соҳа барои ҳифзи дастовардҳои давлату миллат ва пешрафту шукуфоии ин сарзамин содиқона хизмат хоҳад кард.
Баъдан иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони СХДО полковники мустаъфии хизмати дохилӣ Аваз Бобоёров баромад намуда, аз пайваста кӯмаку дастгириҳои роҳбарияти ВКД ва СХДО нисбати собиқадорони соҳа ва ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи роҳбарият қарор доштанашон аз номи худ ва собиқадорон миннатдорӣ намуд.

156

Дар фарҷоми ин чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони ниҳоди мазкур бо медалҳои ҷашнӣ ва собиқадорон бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин барои ҳозирин барномаи фарҳангиву фароғатӣ доир гардид, ки ба чорабинии баргузоргардида шукӯҳи дигарро зам намуд.
Тоҷиддин Латипов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика