Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муборизаи дастаҷамъона, қотеъона ва содиқона бар зидди ҷинояткорӣ

289

Рӯзи 16 июли соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

284

Ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилиро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, қайд кард, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои зикршуда, тамоми ҳайати шахсӣ, қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти таъмини амният, ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ба хизмат сафарбар гардиданд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, чорабиниҳо доир гардида истодаанд.
Ҳамин аст, ки чун дар дигар мақомоту идораҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он низ, ба ин муносибат чорабиниҳои гуногун ташкил ва гузаронида мешаванд.

285286

Дар ҷараёни ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо муфассал баромад намуд.
Ҳамчунин сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед доир ба вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маълумоти муфассал дода, таъкид дошт, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз худ масъулияти баланд зоҳир намуда, дастаҷамъона, қотеъона ва содиқона бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурда, манфиатҳои миллиро ҳифз намояд.
Дар идомаи ҷаласа, муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД полковники милитсия Нумонзода Раҳматулло Ислом ва дигарон баромад намуда, доир ба натиҷаҳои хизматӣ ҳисобот доданд.

287

Дар рафти ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ байни ҷавонону ноболиғон ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Зикр гардид, ки нозирони минтақавӣ ҳамкориро бо аҳолӣ тақвият бахшида, бо мардум дар робитаи зич қарор дошта бошанд. Бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, алалхусус бо шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳон хушмуомила бошанд ва пайваста сатҳи донишу малакаи худро баланд бардошта, ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ машғул шаванд.
Дар хотима, ҷиҳати таъмини амният, волоияти қонун, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи интизоми хизматӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас баён гардид.
Бо ҳамин ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 анҷом пазируфта, дар назди ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ як қатор вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон гузошта шуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика