Рӯзи 7-уми июли соли 2018 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба вилояти Хатлон сафар намуд.
Дар доираи сафари корӣ, Вазири корҳои дохилӣ нахуст аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон боздид ба амал оварда, бо ҳайати шахсии ин ниҳод вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ба кормандони милитсияи РВКД дар вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирию ошкорнамоӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ як қатор дастуру супоришҳо дод.
Айни замон, сафари Вазири корҳои дохилӣ ба вилояти Хатлон идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>