Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум

80

Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, дар арафаи Иди шарифи Рамазон, дар шафати бинои ВКД ярмарка-фурӯши маводи хӯрокаи тару тозаи полезӣ, арзону хушсифат, ки аз хоҷагиҳои ёрирасони ВКД дастрас шуда буданд, доир гардид.

8182

 

Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасони вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Дӯстӣ, Хуросон, Шаҳринав ва шаҳрҳои Бохтару Ҳисор, инчунин корхонаи ҶДММ «Шири Саодат» ва дигар шаҳру ноҳияҳо маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас, нисбатан аз нархи бозор арзонтар ба фурӯш бароварданд.

Аз он ҷумла, як халта орд ба маблағи 100 сомонӣ, гушт 20 сомонӣ, тухм 50 дирам, картошка 1 сомонӣ, пиёз 30 дирам, сабзӣ 50 дирам, булғорӣ 50 дирам, помидор аз 50 дирам то 1 сомонӣ, бодиринг 50 дирам, карам 50 дирам, тарбуз 3 сомонӣ, ҳандалак 1 сомонӣ, шакар 3 сомонӣ, равғани 3 литра 15-20 сомонӣ, биринҷ 5 сомонӣ ва меваҷот аз 5 то 1 сомониро дар бар мегирифт.

Р. ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика