Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми ҷавонон дар корҳои ободонию созандагӣ

127

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба доир намудани корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, роҳбаритяи ВКД низ пайваста чорабиниҳои мақсаднок баргузор менамоянд.
Имрӯз, тибқи Нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи ВКД бо мақсади тоза намудани гирду атрофи мавзеъҳои ҷамъиятӣ аз ҳар гуна партовҳо, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” ва курсантони Академияи ВКД дар боғи "Ҷавонон"-и шаҳри Душанбе, оромгоҳи шоирону нависандагон воқеъ дар маҳаллаи Лучоб, оромгоҳи Сариосиёб ва гирду атрофи бинои давлатии Сирки Тоҷикистон, шанбегӣ доир намуданд.
Дар шанбегӣ зиёда аз 200-нафар ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард», курсантони Академияи ВКД ва кормандони Хадамоти мазкур иштирок намуданд.

128129

Ҷавонони фаъол ва курсантони Академия бо рӯҳияи баланди ватандӯстона ба гурӯҳҳо тақсим гашта, атрофи боғи Ҷавонон, оромгоҳҳо ва бинои Сирки давлатиро аз ҳар гуна ашёҳои нолозим ва партовҳо тоза намуданд.
Чунин иқдом агар аз як ҷиҳат ба симои зоҳирии пойтахти кишвар ҳусн зам намояд, аз ҷониби дигар фазои экологии кишварро мусаффо месозад.

130

Аз ин лиҳоз, новобаста аз самти фаъолият вазифаи ҳар як сокини кишвар аз он иборат аст, ки ҷиҳати ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани кишварамон саҳми арзандаи хешро гузорад.
Абдулло Шоҳиён
Дилшод Холов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика