Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум

77

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои ВКД, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ярмаркаи маводи хӯрока баргузор гардид.

7475

Дар он маҳсулоти арзону хушсифат, аз қабили орд, равған, гӯшт, тухм, картошка, пиёзу сабзӣ ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пешкаши харидорон карда шуд.

76

Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасони ноҳияҳои Ҷайҳун, Кушониён, Панҷ, Дӯстӣ, Хуросону Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, шаҳри Бохтар ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин ҶДММ «Шири Саодат» маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас, аз 30 то 40 фоиз нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузоштанд. Аз ҷумла, 1 килограм гӯшт - 20 сомонӣ, сабзӣ ва пиёз - 50 дирам, картошка - 2 сомонӣ, як қутти тахм - 15 сомонӣ пешкаши мизоҷон карда шуд.
Р. ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика