Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти хизматӣ вобаста ба суханронии Пешвои миллат дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

244

11 майи соли 2018 дар толори Вазорати корҳои дохилӣ машғулияти хизматӣ вобаста ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо иштироки муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Шарифзода Хушвахт, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия Сафаров Ҳаётҷон ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Вазорат баргузор гардид.

246

Ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ суханронии Пешвои миллатро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки рӯзи 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сараввал тариқи телевизион дастаҷамъона тамошо намуданд.
Сипас, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Шарифзода Хушвахт моҳияти баромади Президенти кишварро дар конфронси мазкур шарҳу эзоҳ дод.

245

Ҳамчунин, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия Сафаров Ҳаётҷон баромад намуда, муҳтавои суханронии Сарвари давлатро дар конфронси мазкур ба таври возеҳ ба кормандони милитсия фаҳмонида дод.
Зикр гардид, ки Пешвои миллати тоҷикон дар баромади худ таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизмро бори дигар ба ҷаҳониён таъкид дошта, ҳамбастагӣ ва ҳамкории муштаракро дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез муҳим арзёбӣ намуданд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.
Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд.
Сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд.
Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.
Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем.
Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад.

247

Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кумаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳимми комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад.
Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризму ифротгароӣ маҳсуб меёбад, аз ҷумлаи мушкилоти умдаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Мубориза алайҳи он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ андешидани чораҳои бетаъхир ва роҳандозии тадбирҳои муштаракро бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо талаб менамояд.
Тақвияти ҳамоҳангӣ ва расонидани кумак ба кишварҳое, ки дар сари роҳи маводи мухаддир қарор доранд, амри зарурӣ ва тақозои замон аст.
Тоҷикистон бо дарки амиқи ин хатари глобалӣ тайи солҳои тӯлонӣ тамоми кӯшиши худро ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона мекунад.
Дар давраи пас аз соли 1994 то имрӯз аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 120 тонна маводи нашъаовар мусодира гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро таҳия ва қабул намудааст, ки хусусияти пешгирикунанда дошта, барномаи амал ва самтҳои ҳамкориро дар заминаи муносиботи дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба дар бар мегирад.
Стратегияи мазкур, бо дарназардошти ҳамбастагии зичи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ, дар айни замон ба бартараф намудани омилҳои ин зуҳурот дар ҷомеа равона шудааст».
Мавриди қайд аст, ки чунин машғулияти хизматӣ дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардида, кормандони милитсия суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”-ро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика