Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАРОСИМИ БОТАНТАНАИ ХАТМИ ШУНАВАНДАГОН

240

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ маросими дипломсупорӣ ба шунавандагони факултети 3-и ин муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ин чорабинии хотирмон муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, роҳбарият ва ҳайати шахсии Академия ширкат варзиданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ҳайати шахсӣ бо марши тантанавӣ гузашта, сафороӣ намуданд. Ин курсро шунавандагон бо ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат хатм намуданд.

241

Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон зимни баромади хеш изҳор намуд, ки чорабинии мо дар фазое мегузарад, ки аҳли ҷомеаи кишварамон аз дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ рӯҳбаланд гашта, баҳри бунёди давлати соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд меҳнат карда истодаанд.
Имрӯзҳо баҳри созандагиву бунёдкорӣ ва пешгирии омилҳои хатарзои ҷомеа, бахусус дар мубориза бо терроризму экстремизм ва амалҳои ҷинояткорона нақши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хеле бузург аст. Ҳар як афсар, курсант ва шунаванда бояд ифтихор намоянд ва шукронаи сулҳу суботи сартосарии кишвари азизамонро ба ҷо оранд.

242243

Дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан шунавандагони ин муассисаи таълимӣ хеле калон мебошад, зеро шунавандагони Академияи ВКД ба ғайр аз таҳсил, инчунин дар чорабиниҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, дар таҳкими истиқлолият ва пешгирӣ, ошкорсозӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши созгор мегузоранд. Муовини Вазир дар охир ба ҳамагон садоқат ба Савганд ва муваффақият таманно намуд.
Дар идома сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ин лаҳзаҳои хотирмонро ба шунавандагону меҳмонон ва ҳайати шахсӣ муборакбод гуфта, хатмкунандагонро ба идомаи хизмати софдилона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд.
Дар охир, аз номи шунавандагони хатмкунанда, Маҳҷабин Абдуллозода – нозири гурӯҳи матбуотии қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб суханронӣ намуда, ба ҳайати устодон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, афзуд ки "боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таваллуд гардида, дар ин давра ба камол расида, аз комёбиҳои кишвари азизамон баҳравар гардидам".
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика