Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Осоишгоҳи истироҳатӣ ва Дармонгоҳи тиббии ВКД дар ноҳияи Рашт

366

Имрӯз (16.04.с.2018), Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷараёни сафари хизматӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт ба Осоишгоҳи истироҳатӣ ва Дармонгоҳи тиббии Раёсати тиббии ВКД дар ноҳияи мазкур ташриф оварда, аз шароитҳои муҳайёгардида, рафти истироҳат ва табобати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин мавзеи зебоманзар шиносоӣ пайдо кард.

Қобили қайд аст, ки Дармонгоҳи тиббии Раёсати тиббии ВКД дар ноҳияи Рашт бо тамоми шароити табобатӣ ва доруворӣ таъмин буда, табобатгирандагон аз ҷониби табибони баландихтисос муоина ва муолиҷа карда мешаванд.
Осоишгоҳи истироҳатии ВКД дар ноҳияи Рашт бо тамоми шароит, аз қабили хонаи хоб, ошхона, ҳаммом, ҷойи дастурушӯӣ ва дигар шароитҳои маишӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар ин Осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ бо тарҳ ва ороиши замонавӣ сохта шудааст, ки истироҳаткунандагон метавонанд аз он пурсамар истифода баранд.

367368

Ҳамчунин, ошхона дорои 140 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст, ки дар он таомҳои лазиз ва парҳезӣ омода гардида, пешкаши истироҳаткунадагон мегардад.
Мавриди қайд аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии ҳайати шахсӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, барои онҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.
Чунин шароити мусоид имкон медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли оилаашон дар ин Осоишгоҳ ба фароғату истироҳати ҳамаҷониба фаро гирифта шаванд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика