Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ободонию бунёдкорӣ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт

360

Дар партави сиёсати бунёдкорию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ таъмиру таҷдиди бино ва иншоотҳои маъмурию хизматӣ идома доранд.

361

Имрӯз (16.04.с.2018), Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳамроҳии сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумахон аз корҳои ободонию бунёдкории Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт боздид ба амал оварданд.
Мавриди қайд аст, ки бинои Раёсати мазкур пурра таъмир гардида, саҳни ҳавлӣ бо тахтасангҳои мунаққаш оро дода шуда, ниҳолҳои сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Ҳамчунин ҳуҷраҳои корӣ, долони Раёсат ва толори маҷлисгузаронӣ аз сари нав таъмир гардида, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

362363

Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ дар саҳни бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бо ҳайати шахсӣ ҳамсуҳбат гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ ба кормандони милитсия дар нақлиёт як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика