Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҷавонону донишҷӯён

354

Рӯзи 13-уми апрели соли 2018, вохӯрии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо гурӯҳи ҷавонони «Авангард» доир гардид, дар ин чорабинӣ намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷавонони фаъоли донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар иштирок доштанд.  

355356

Мақсад аз ин вохӯрӣ мустаҳкам намудани ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз қабили террористию экстремистӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон мебошад.

Зимни суҳбати озоду самимӣ ҷавонон фикру андешаҳои худро иброз намуда, қайд карданд, ки мо бояд бо омӯхтани илму дониш машғул шуда, оид ба ҳаёти дунявӣ ва динӣ маълумот дошта бошем. Зеро тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб нақши муассир дорад. 

357358359

Дар идомаи чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ як қатор ҷавонон «бо Раҳматнома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ба ҳамаи иштирокунандагон кортҳои нақлиётии имтиёзнок барои сафар таввасути нақлиётҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе тақдим карда шуд. 

Дар хотимаи чорабинӣ ҷавонон бо қироати шеърҳои ватандӯстона бори дигар исбот карданд, ки ба халқу Ватан содиқ монда, баҳри пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИН


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика