Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз корҳои ободонию созандагии СХДО ва Раёсати молиявӣ-иқтисодии ВКД

322

Имрӯз (12.03.с.2018), дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардорони раёсатҳо, хадамотҳо ва ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии ВКД аз рафти корҳои ободонии Сарраёсати Хадамоти давлатӣ оташнишонӣ ва Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуданд.

323324

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ дар саҳни бинои СХДО, бо ҳайати шахсии ин ду ниҳод вохӯрӣ намуда қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту тараққиёт, гулгулшукуфоии Ватани азизамон ва рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоии ҷумҳурӣ бо тамоми ҳастии худ ҷаҳду талош доранд.
Сарвари давлат пайваста сохторҳои қудратии кишвар, бахусус мақомоти корҳои дохилиро ҳамаҷиҳата дастгирӣ менамоянд ва имрӯз тамоми шароити корӣ ва иҷтимоиву маишии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таъмин гардидааст. Ҷавобан ба ин ҳама дастгириву ғамхориҳо ҳар яки мо бояд бо масъулияти баланд вазифаҳои дар наздамон гузошташударо иҷро намоем ва бовариву эътимоди Роҳбари давлатро сазовор бошем.

325326

Вазири корҳои дохилӣ оид ба пайваста таъмин гардидани СХДО бо нақлиётҳои хизматӣ, дуруст ва ҷиддӣ ба роҳ мондани корҳои пешгириву профилактикӣ миёни аҳолӣ ва ҳангоми ҷамъоварии мавсимии ҳосил дар заминҳо сухан ронда, инчунин қайд кард, ки имрӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сохтмони бинои Коллеҷи Сарраёсати Хадамоти давлатӣ оташнишонии ВКД идома дорад.
Инчунин зимни суханронии худ аз кормандону масъулини Раёсати молиявӣ-иқтисодӣ дар пешбурди самти фаъолият масъулияти баланди хизматиро талаб намуда зикр кард, ки дар ошкору пешгирии ҷиноятҳо саҳм гузошта, камбудиву норасоиҳоро ҷиддӣ баррасӣ намоянд ва содиқонаву софдилона вазифаҳои ба зимма доштаашонро ба ҷо оранд.
Сипас Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои созандагиву ободонии ба анҷом расонидашудаи СХДО, аз қабили бунёди майдончаҳои варзишии футболи хурд ва волейбол, таъмиру тармими роҳраву ҳуҷраҳои кории кормандон, бойгонӣ ва толори маҷлисгоҳи ин ниҳод дидан намуда, қайд кард, ки дар ин толори васеъу барҳаво метавон тамоми машғулияту чорабиниҳоро баргузор намуд ва дигар раёсату ҷузъу томҳо низ метавонанд аз ин толор истифода баранд.

328330331327

Бояд қайд кард, ки то ба имрӯз 16 ҳуҷраи корӣ, 2 бойгонӣ, толори маҷлисгоҳ бо 280 ҷойи нишаст, ошхонаи ҳайати шахсӣ ва хобгоҳ барои 20 нафар ва дигар шароитҳои маишӣ мавриди истифодаи ҳайати шахсии СХДО қарор дода шуд.
Инчунин Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои ободонии Раёсати моливӣ-иқтисодӣ боздид ба амал оварда, ба таъмиру тармими роҳравҳо, ҳуҷраҳои кории кормандон баҳои баланд дода, аз корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ кард.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика